МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ГУШТИНИ ҶУДО МИЁНИ НАВРАСОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Санаи 15 сентябри соли равон дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80-и ноҳияи Ёвон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хоса раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни наврасон баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин муайян кардани беҳтарин варзишгарон, тарғибу ташвиқи ҷудо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳарати варзишии варзишгарон ба шумор меравад.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни наврасон муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок намуда, аз номи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ҳамаи варзишгаронро ба ноҳияи Ёвон хайрамақдам гуфта ба онҳо барои сазовор гардидан ба зинаҳои ифтихори барору музаффарият таманно намуданд. Абдуллозода Саёҳат ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи ҷудои мамлакат барои интихоби макони баргузории мусобиқа, ки маҳз ноҳияи Ёвон интихоб шуда буд аз номи раиси ноҳия изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуданд. Инчунин дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 216 варзишгар аз ҷумла 16 варзишгар духтари наврас аз тамоми гушаву канори мамлакат иштирок намуда, барои ба даст овардани зинаҳои ифтихори миёни ҳам рақобат намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин мусобиқа аз ноҳияи Ёвон 36 варзишгар иштирок намуда, дар натиҷа варзишгарони ноҳия 9 медал, 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷи ба даст оварданд.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибони ҳамаи вазнҳо бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.