ДАР НАЗДИ МТМУ 68 СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БУНЁД МЕГАРДАД.

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта аз замони аввали соҳибистиқлолии ватани азизамон то ба имрӯз дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомона расонида шуда барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати деҳоти Даҳана санаи 21 августи соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз рафти таъмир ва омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба соли ва нави хониш аз муассисаҳои таълимии рақами 68 дидан намуданд. Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои таъмири ва омода намудани синфхонаҳои ба соли нави хониш аз ҷониби раиси ноҳияи дастуру сопоришҳои мушаххас дода шуд. Инчунин дар рафти боздид ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки дар назди муассисаи мазкур сокинони деҳа доранд як бинои наву замонавии иборат аз ду ошёна ва дорои 16 синфхонаи барҳаво бунёд намоянд ва шароити илмомӯзии фарзандонашон бозҳам хубтару беҳтар гардад. Раиси ноҳия барои чунин иқдом ба ҳамаи сокинони деҳаи мазкур изҳори сипос ва минатдори намуда, иброз доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои сохтмони бинои мазкур дар паҳлуи сокинон мебошад ва аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.