ТАҚДИМИ СИПОСНОМА ВА МЕДАЛҲО БА МАСЪУЛОНИ БАХШИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА

Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 17 август Рӯзи касбии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждани таҷлил карда мешавад. Бо ин муносибат санаи 19 августи соли равон дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳия қабл аз оғози ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия маросими супоридани сипоснома ва медалҳо ба масъулони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр баргузор гардид. Нахуст раиси ноҳия масъулини соҳа ва дар симои онҳо тамоми кормандони ин ниҳодро ба ин муносибат самимона табрику шодбош намуда, иброз доштанд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ ба шумор рафта имсол аз таъсисёбии ин ниҳод 30 сол пур мешавад. Кормандони сохтори мазкур барои наҷот додани сокинон дар ҳолатҳои зарурӣ аҳ ҷумла ғарқшавӣ ва дар ҳолати офатҳои табии аз худ қаҳрамони нишон дода дар ин роҳ аз тамоми таҷриба ва имконоти мавҷуда истифода мебаранд. Дар ин рӯз аз ҷониби раиси ноҳия ба масъулони ноҳиявии ин ниҳод сипоснома ва медалҳои ҷашни ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.