АКСИЯИ ТОЗАГӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БОЗИИ ТОЗА» ДАР НОҲИЯИ ЁВОН БАРГУЗОР ГАРДИД!

Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хусус Раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода миёни дастпарварони Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол» аксияи тозагии таҳти унвони «Бозии тоза» баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур зиёда аз 60 нафар футболбозони муассиса ширкат варзида ба ҷамъоварии партовҳо (қуттиҳои палстики ва дигар намуди партовҳо) дар кӯчаю хиёбонҳо ҷамоати шаҳраки Ёвон сафарбар гардиданд. Мақсад аз баргузории аксияи мазкур тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф мебошад.

Дар маросими ифтитоҳ ва ҷамъбастии аксияи мазкур муовини раиси ноҳияи Ёвон Саёҳат Абдуллозода ширкат варзида, тӯҳфаҳои омодагардидаро ба ғолибон аз номи Раиси ноҳия дар фазои мутантан тақдим намуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.