ЯТИМОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ДОИМИИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ҚАРОР ДОРАНД.

Дар пайрави аз сиёсати инсондустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ятимону камбизоатон ва нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 сентябри соли равон дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони ятими ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Амирзода Мақсуд иштирок намуданд. Абдуллозода Саёҳат дар назди ҳозирин суханрони намуда ҳамаи омӯзгорон ва хонандагони ин боргоҳи маърифатро аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо фарорасии ҷашни муқаддаси миллӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда иброз доштанд, ки ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар, хосаи Пешвои муаззами миллат қарор дошта барои илмомӯзии ин қишри ҷомеа тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Инчунин ба якчанд нафар хонандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар ин рӯз аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонони фаъоли ноҳия, ки ҳамеша иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишварро дар сатҳи маҳал дастгирӣ менамоянд дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳия барои хонандагони муассисаи мазкур дастрахони идона ороста шуд. Дар қисмати дигари чорабини ба хотири болидаруҳии омӯзгорону хонандагон барномаи рангини фарҳангӣ омода карда шуда манзури ҳозирин гардонида шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.