ҲОСИЛИ БО ЗАҲМАТ ПАРВАРИШ НАМУДАИ ДЕҲҚОНОН БЕТАЛАФ ҶАМОВАРӢ КАРДА МЕШАВАД.

Дар ноҳияи Ёвон бо мақсади иҷрои Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта деҳқонон азм доранд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва бо истифода аз боду ҳавои мусоид заҳмати худро ҷамоварӣ намоянд.

Бо ин мақсад дар рӯзи аввали ин маъракаи муҳим санаи 2 сентябри соли равон Раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ ширкат варзида, аз ҳосили тиллои сафеди хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, якҷоя бо деҳқонони ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав мавсими имсолаи пахтачиниро шурӯъ карданд. Муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ аз майдонҳои пахтазор дидан карда, изҳор доштанд, ки бо истифода аз ҳама шароиту имкониятҳо ва бо такя ба нерӯ ва иродаи кишоварзони матиниродаи ноҳия талош меварзанд, ки нақшаи пахтасупорӣ дар мавсими ҷорӣ саривақт иҷро гардад. Пахта яке аз маҳсулоти ашёи хом ба шумор рафта дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон барои коркард кардани ин навъи зироат ва ба маҳсулоти ватани табдил додани он як қатор корхонаҳои коркарди пахта мавриди истифода қарор дода шуда, барои амали гардидани яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар, ки саноатикунонии босуръати мамлакатмебошад нақши намоён мегузорад. Ҳамчунин дар аснои боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба хоҷагидорон барои зиёд ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.