РОҲАНДОЗИИ ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ

Санаи 31 августи соли равон дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шанбегии умумӣ ноҳиявӣ ташкил карда шуд. Ҳамзамон дар шанбегии мазкур ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳрак дар назди биноҳои маъмурии худ ба шанбеги баромаданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ ба масъулин ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон, бо истифода аз қоидаҳои дурусти агротехникӣ ва боду ҳавои мусоид дастуру супоришҳо доданд. Инчунин дар шоҳроҳи мошингарди самти Ёвон-Душанбе бо мақсади тоза нигоҳ доштани шоҳроҳ аз алафҳои хушкшуда шанбегии умуми ташкил карда шуд.

Ҳамаи ин тадбирҳои созанда ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати бобарору бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо иҷрои он, барои сокинону меҳмонони ноҳияи Ёвон шароити шоистаи кору зиндагӣ фароҳам гардида истодааст.

Инчунин дар аксарият деҳаву маҳаллаҳои ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин санаи фархунда бо маром идома дорад.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.