ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН МУҲТАРАМ ШАРИФӢ БАХТИЁР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ

Омӯзгорон, падару модарон ва фарзандони азиз!

Инак, боз дар кишвари маҳбубу соҳибистиқлоли мо соли нави таҳсил ва давраи фаъоли омӯзишу парвариш, таълиму тарбия оғоз мешавад.
Бо истифода аз ин фурсат ҳамаи Шумо устодону омӯзгорон, хонандагон, падару модарон ва кулли мардуми шарифи ноҳияро бо фарорасии оғози соли нави хониш ва Дарси сулҳ табрику шодбош гуфта, бароятон саломатии комил, хушбахтию рӯзгори осуда, хонаи обод, бахту иқболи нек ва ба Шумо хонан-дагон, бахусус, кӯдакони хушбахти даврони истиқлол, ки имсол ба ин боргоҳи маърифат нахустин қадами худро мегузоред, хониши хубу аъло, маърифати баланд ва фатҳи қуллаҳои илму донишро орзӯ менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!
Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Маҳз, дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд.
Ба оғоз гардидани соли нави таҳсил имсол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 7641 нафар, алалхусус ба ин боргоҳи илму адаб 96 нафар наврасон бори нахуст қадам мегузоранд, дари хазинаи илму маърифат, дунёи зебоии ҳаёт, хотироти наву рангоранги зиндагӣ бо табассуму меҳрубонии падаронаи омӯз-горон ба онҳо боз хоҳад гардид, ки дӯстрӯякон ва волидайни онҳо бесаб-рона оғози соли нави таҳсилро интизор буданд.

Ҳозирини иззатманд!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Вақоеан, рушду пешрафти соҳаи илму маориф ва омода сохтани кадрҳои соҳибихтисосу дорои дониши таҷрибаи баланд ба оянда ва пойдорию бақои миллату давлат вобастагии амиқ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳ ба ин соҳа таъкид сохтанд, ки “Дар даврони соҳибистиқ-лолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байнал-милалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир дояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.
Аз ин хотир омӯзгоронро зарур аст, ки бо маҳорату малакаи касбии худ ба омӯзонидани навгониҳои илмиву таъл-имӣ шогирдони баркамолро тарбия намуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ин сарзамини аҷдодӣ равона созанд ва дар ниҳоди онҳо дарси садоқату ватандӯстиро талқин намоянд.
Танҳо бо чунин роҳ мо метавонем насли навовару содиқ дар роҳи таҳкиму ҳифзи арзишҳои миллию давлатдориро тарбия намоем ва онҳоро ба раванди бархӯрдҳои иттилоотиву равонии замони муосир ҳамаҷониба омода созем.

Мехоҳам хотирнишон созам, ки дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза, ҷангу низоъҳо ва гуруснагиву фақр ҳар яки мо, алалхусус, омӯзгорон, падару модарон ва шахсони барумандро водор месозад, ки наврасону ҷавононро барои омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар, самимона дӯст доштани Ватан ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ роҳнамо-иву тарбия намоем.

Ҳозирини арҷманд!
Наврасону ҷавонони бо иродаи ноҳияи моро дар навбати худ лозим аст, ки бо шукронаи истиқлолу озодӣ дар пайи ободӣ ва пешрафти кишвари азизи худ бошанд, зеро дар Тоҷикистон барои амалӣ гардидани тамоми азму мароми созандаи онҳо ҳамаи шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё карда шудаанд.
Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои пойдории сулҳу субот дар кишвари азизамон талош намуда, бояд хуб дарк созанд, ки ояндаи босуботи Ватан аз ҳар яки онҳо вобастагии амиқ дорад.
Умед дорам, ки Шумо фарзандони азиз бо азхудкунии забонҳои хориҷӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар майлу рағбати доимӣ намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ парчамбардори халқу Ватани хеш мегардад ва барои ободию сарсабзии Тоҷикистони маҳбубамон хизматҳои шоиста месозед.
Дар охир бори дигар фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба ҳамаи шумо омӯзгорону хонандагон ва алоқамандони соҳаи маориф самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори осоишта, саодату сарбаландӣ ва сарфарозиҳоро орзӯ менамоям.
Бигузор, Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ҳамеша ободу гулафшон ва дар оғӯши Сулҳу Ваҳдат бимонаду Истиқлоли давлатӣ пойдор бошад ва ҳамбастагиву таваҷҷуҳи сокинонаш бо маъри-фату донишу хирад ҳар чи бештар гардад.
Рӯзгоронатон ҳамеша саршор аз шодию фараҳ ва фаъолиятатон пурсамару судманд бод!
Соли нави таҳсил муборак!

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.