ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ХОНАНДАГОНИ НИЁЗМАНД ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи Судайси ноҳия маросими супоридани туҳфаҳои Пешвои миллат аз қабили либосҳои мактаби ва лавозимоти хониш ба кӯдакони ятим, нимятимон ва аз оилаҳои ниёзманд бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр доир карда шуд.

Раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар ибтидо кулли хонандагонро бо фарорасии соли хониши 2024-2025 муборакбод гуфта барояшон хониши хубу аъло таманно намуд.

Сипас, ба зиёда аз 88 нафар ятимону ниёзмандон аз номи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки онҳо либоси ягонаи мактабӣ, ҷузвдонҳо ва дигар лавозимоти хониш тақдим карда шуд.

Раиси ноҳия зимни тақдими туҳфаҳо аз дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф ва ятимону ниёзмандон ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстона ва раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия чунин табақаи аҳолӣ доимо ба ғамхорӣ фаро гирифта мешавад.

Раиси ноҳия бо ҳар як хонандагон суҳбат намуда аз ҳолу аҳволи онҳо огоҳ гардид ва ба масъулин барои мунтазам расонидани кумакҳои иҷтимоӣ дастур дод.

Мактаббачагон изҳори сипосу минннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхории ҳамешагӣ ба Раиси ноҳия иброз карданд.

Қобили тазаккур аст, ки ин қишри ҷомеаи ноҳия доим аз чунин иқдомҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат бархурдор мегарданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.