ЧОРАБИНИИ ШОМИ ИСТИҚЛОЛ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ЁВОН

Дар асоси барқияи телефонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 18 июл то 6 сентябри соли 2024 баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо назардошти маҳаллаву деҳаҳои дурдаст ташкил ва гузаронида мешавад. Вобаста ба ин дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шиорҳои куҳнаю фарсуда, парчамҳои хирашуда ва парчампояҳо ва биноҳои идораю ташкилотҳо пурра иваз карда мешавад. Шиору овезаҳои нав вобаста ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти сиҳибистиқлолии кишвар, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» ва иқтибосҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ насб карда мешаванд.

Дар ин радиф дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар маркази ноҳия чорабинии фарҳанги зери унвони «Шоми Истиқлол» баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия иштирок намуданд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур роҳбарони як қатор ташкилотҳои ноявӣ ҳузур доштанд. Нахуст меҳмонон аз намоиши китоб, ки дар макопи чорабинӣ ба намоиш гузошта шуда буд дидан намуданд. Сипас муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат дар назди ҳозирин суханрони намуда, иброз доштанд, ки мо тоҷику тоҷикистониён бояд дар атрофи сарвари дурандеши худ Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем.

Дар қисмати дигари чорабинии мазкур ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи консерти омода намуда, манзури ҳозирин гардониданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.