НАСБИ КУРСИҲОИ НИШАСТ ДАР БОҒИ ҒАЛАБАИ НОҲИЯИ ЁВОН

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия гардида зери таваҷҷуҳи бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр қарор дорад. Дар доираи амали намудани нақшаи мазкур дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Яке аз иқдомҳои шоиста дар ин доира бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳия ва дастгирии сархатиби ноҳия якҷо бо эмомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳия дар боғи Ғалабаи ноҳия омода ва насб намудани зиёда аз 20 адад курсиҳои нишаст ба шумор меравад. Дар рафти насби курсиҳои нишаст муовинони раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат ва Раҷабзода Алишер инчунин эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъ иштирок намуданд. Муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ба ҳамаи эмомхатибон барои дастгирии ин иқдоми шоиста изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуданд. Бояд иброз дошт, ки пас аз насби курсиҳо сокинон ва меҳмонони ҷамоати шаҳраки Ёвон метавонанд дар вақти холигӣ ба сайругашти боғ баромада аз онҳо самаранок истифода намоянд. Чунин иқдомҳои шоиста ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.