ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯ.

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон санаи 22 августи соли равон дар толори Кохи фарҳанги ноҳия маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода баргузор гардид. Инчунин дар кори маҷлис намояндаи Раёсаи маорифи вилояти Хатлон, муовини директори маркази таълимӣ-методии Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сангинов Муъмин Нуъмонович иштирок намуданд. Ҳамзамон дар толор муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони коллеҷу литсейҳои касбӣ-техникӣ, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, омӯзгорон, мудирон ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, ғолибони озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ, кормандони сохторҳои зертобеи шуъбаи маорифи ноҳия ҳузур доштанд. Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки ба намоиш гузошта шуда буд дидан намуда, барои бозҳам бештар намудани дастовардҳо дар соли хониши 2024-2025 дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тибқи тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия як масъала “Фаъолияти шуъбаи маориф ҳамчун мақомоти маҳаллии соҳа дар рушд ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия” мавриди барраси қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалаи мазкур и.в мудири шуъбаи маорифи ноҳия Бобоев Саидбек суханрони намуда, фикру андешоҳи худро баён намуданд. Пас аз суханрони Бобоев Саидбек вобаста ба масъалаи мазкур Султонова Амина-собиқадори соҳа, Ғафуров Саидқул-директори МТМУ рақами 27 ва Пардазода Файзалӣ хатмкардаи Донишгоҳи байналмиллаии забонҳои Тоҷикистон тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокира баромада суханронӣ намуданд.

Пас аз ба охир расидани музокираҳо намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сангинов Муъмин ба сухан баромада вобаста ба фаъолияти маорифчиёни ноҳия дар соли хониши 2023-2024 бо овардани ҳисоботҳои оморӣ дар назди ҳозирин баромад намуданд.

Дар фарҷоми қисмати тантанавии маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар назди ҳозирин суханрони намуда, иброз доштанд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон барои баланд гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Дар қисмати дигари чорабинии мазкур ба як қатор омӯзгороне, ки соли хониши сипаришударо бо меҳнати пурмаҳсул ҷамъбаст намудаанд бо мукофотҳо, ифтихорнома ва сипосномаҳо дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби ҳаваскорон ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи рангини идона омода карда шуда, ба хотири болидаруҳии аҳли толор манзури ҳозирин гардонида шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.