БОЗДИД АЗ РАФТИ ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дар пайрави аз сиёсаи маорифпарваронаи Аасосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади баланд бардоштани таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва беҳтар гардонидани шароити илмоӯзии хонандагон дар назди якчанд муассисаҳои таълимӣ биноҳои нави иловагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад. Дар ин доира санаи 13 августи соли равон дар асоси нақшаи тасдиқгардида раиси ноҳия аз рафти корҳои таъмирӣ дар муассисаи таълимии рақами 74-и деҳаи маҳаллаи Алишер Навоии ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав дидан намуданд. Раиси ноҳия ба роҳбарияти муассиса зимни суҳбат иброз доштанд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта аз замони аввали соҳибистиқлолии ватани азизамон то ба имрӯз дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомона расонида шуда барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Инчунин зимни суҳбат бо роҳбарияти муассиса барои баланд бардоштани таълиму тарбия ва истифода аз усулҳои нави таълим дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.