АЁДАТИ ОМӮЗГОРИ СОҲИБТАҶРИБА ШАРОПОВ САФОЛБЕК АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯ

Дар пайрави аз сиёсати инсондустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали имрӯз раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода барои аёдати омӯзгори соҳибтаҷриба, устод Шаропов Сафолбек ба беморхонаи марказии ноҳия рафта аз аҳвол устод хабардор гардиданд. Шаропов Сафолбек аз зумраи омӯзгороне мебошад, ки умри пурбаракати хешро барои таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани шогирдони соҳибкасб сарф намуда, бо собиқаи зиёда аз 50 солаи омӯзгорӣ миёни шогирдон ва омӯзгорони ноҳия маҳбубияти хосса дорад. Устод аз фанҳои химия ва биология ба шогирдон илм меомӯзонад, ки аксарият кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз ҷумла табибони беморхонаи марказии ноҳия шогирдони устод мебошанд. Раиси ноҳия дар аснои аёдат аз устод Шаропов Сафолбек хоҳиш намуданд, ки пас аз барқарор намудани саломатӣ ҳатман ба мактаб баргашта боз ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шаванд. Ҳамзамон аз табибон даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани устод аз тамоми имкониятҳо истифода баранд. Устод Шаропов Сафолбек аз раиси ноҳия барои ташриф овардан ба аёдати эшон изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки то охирин нафас омода аст барои ба воя расонидани шогирдони соҳибкасб кӯшиш ба харҷ диҳад.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.