СОХТМОНИ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ДЕҲАИ 1-МАЙ БО МАРОМ ИДОМА ДОАД.

Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати деҳоти Норин санаи 9 августи соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз рафти сохтмони бинои нави маркази саломатии деҳаи 1-Майи ҷамоати деҳоти Норин дидан намуданд. Зимни боздид раиси ноҳия иброз доштанд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат қарор дошта дар ин самт дар даронии соҳибистиқлолии ватани азизамон дар ин соҳа як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки бинои маркази саломатии мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳалли ва саҳми маҳал иборат аз ду ошёна сохта шуда, дар мудати кутоҳтарин мавриди баҳрабардори қарор дода мешавад. Ҳамзамон раиси ноҳия аз тамоми сохтмончиён даъват ба амал оварданд, ки барои босифати баланд анҷом додани корҳои сохмони аз маҳсулотҳои ватани истифода баранд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.