БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ ХАТИ ОБИ НУШОКИИ ДЕҲАИ 1-МАЙ

Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати деҳоти Норин санаи 9 августи соли равон раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз марҳилаи аввали сохтмони шабакаи таъмини оби нӯшокии деҳаи 1-Май, ҷамоати деҳоти Норин дидан намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшоки дар деҳот бо дастгирии молиявии USAID дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, ва иштироки фаъоли сокинони деҳаи 1-май амали карда мешавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар доираи лоиҳаи мазкур аз масофаи 9 ҳазор метр тариқи қубурҳои обгузар ба маркази деҳа об оварда шадасст. Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур 3500 нафар сокинони деҳаи 1-май бо оби нӯшокӣ дастрасии доими пайдо менамоянд.

Қабл аз сохта шудани оби нӯшокии мазкур аҳолии деҳот ба шабакаи мутамаркази оби нӯшоки дастраси надошта, аз обҳои канали ирригатсионӣ ва обҳои мавсимии борон истифода мебурданд. Раиси ноҳия ба ҳамаи он нафароне, ки дар ин иқдоми башардустона саҳгузори намуданд изҳори сипос ва минатдори баён намуданд. Ҳамзамон раиси ноҳия да аснои боздид аз якчанд хонаҳои истиқоматии деҳаи 1-Май, ки алалкай бо оби нӯшоки таъмин мебошанд дидан намуда, бо онҳо суҳбат оростанд. Сокинони деҳаи мазкур аз ин иқдомхушҳол буда ба раиси ноҳия минатдори баён намуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.