ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

Варзишгарони гиромӣ, парчамбардорони меҳан, собиқадорони соҳаи варзиш!

Рӯзи варзишгарони кишвар дар рӯзҳое баргузор гардида истодааст, ки имрӯзҳо тамоми варзишгарону мухлисони соҳаи варзиши ҷаҳон аз баргузории бозиҳои Олимпии “Париж -2024”, ки аз рӯйи 32 намуди варзиш ҷараён дорад, истиқбол намуда истодаанд.
Боиси хурсандии кулли мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла варзишгарони номвари меҳан аст, ки дар ин бозиҳои Олимпӣ Тоҷикистони азизи моро зиёда аз 14 нафар варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ намояндагӣ намуда, Маҳмадбеков Сомон, Раҳимов Темур ва БолтаевДавлат алакайбо гирифтани се медали биринҷӣноми Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои дорои медали бозиҳои Олимпӣ сабт намуданд.

Варзишгарони гиромӣ,
Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат мебошад.
Ҳамин аст, ки бо ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои варзишпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 10 август дар кишвари азизамон Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад.
Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо парчамбардорони Ватан ва дар шахсияти Шумо тамоми варзишгарону собиқадорони соҳаи варзиши ноҳияро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон мубо-ракбод гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, нерӯи шикастнопазир ва пирӯзию дасто-вардҳои саҳти ҷаҳониро орзӯ менамоям.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи варзишгарон дар кишвар нишонаи таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат, хоса Роҳбари варзишпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯзҳо соҳаи мазкур рӯ ба тараққӣ дошта, дастгириву таваҷҷуҳ нисбати варзишгарон ва таъмини базаи моддию техникии соҳа рӯ ба афазоиш дорад.
Баъди баргузории аввалин вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар, 10 декабри соли 2010 дар тамоми кишвар аз ҷумла ноҳияи Ёвон сохтмону азнавсозии иншоотҳои соҳаи варзиш, таъмини баъзаи моддию техникии соҳа, дастгирии варзишгарон ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.
Бо мақсади таъмини иҷтимоии варзишгарон айни замон дар ноҳия 257 иншооти варзишӣ, аз ҷумладу мактаби варзишӣ, Клуби футболи “Моҳир” 1 варзишгоҳ, 39 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 8 фитнесклуб, 205 майдонча ва якчанд иншооти махсуси варзишӣ мавриди истифода қарор дорад, ки ҷавонону наврасон пайваста дар онҳо машқу тамрин мекунанд.
Боиси ифтихор аст, ки дастаи Клуби Футболи “Моҳир” бо дастгириҳои ҳамешагии маҳомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкори ватандӯст Ҷурахонов Баҳриддин дар лигаи якуми Тоҷикистон иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст ва дар нақша ҳаст, ки дастаи Клуби футболи “Моҳир” дар лигаи олии кишвар иштирок менамояд. Ин ҳама пешравиҳо дар самти риштаи Футбол аз таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти федератсияи Футбол муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва эълон гардидани рӯзи ҷаҳонӣ футбол маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Варзишгарони муваффақи ноҳия давоми фаъолияти ҳисоботӣ аз мусобиқаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби 42 медал, аз ҷумла 11 медали тилло, 6 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ гардиданд, ки бо ин васила шарафи варзиши ноҳияро дар мусобиқаҳои мазкур муаррифӣ намудаанд.

Ҳозирини арҷманд,

Боис ба ёдоварӣ аст, ки бо мақсади мубодилаи таҷриба зиёда аз 50 нафар наврасони мактаби варзишии махсуси Футбол аз 5 то 10 июли соли равон дар Ҷумҳурии Узбекистон дар 14 мусобиқаҳои футбол иштирок намуда, дар ҳамаи мусобиқаҳо ғолибият ба даст овардаанд, ки ин боиси ифтихор аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш пайваста тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи варзиш ва дастгирию ҳавасмандсозии варзишгарони ноҳия тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо парчамбардорони Ватанро ба Рӯзи варзишгарон муборакбод гуфта, бароятон иқболи баланд, неруи тавоно ва ҷасорату ҷавонмардӣ орзӯ менамоям.

Идатон муборак бошад, варзишгарони гиромӣ!

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.