ЗАҲМАТИ ТОБИСТОН – РОҲАТИ ЗИМИСТОН

Силсила вохӯриҳои раиси ноҳияи Ёвон бо кишоварзони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оғоз гардид.

23 июл раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар бошишгоҳи саҳроии ҳудуди шаҳраки Ҳаёти Нав вохӯри судманд бо кишоварзон баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ тибқи Амри тасдиқшуда аз 16 июли соли 2024, № 103 вобасата ба омӯзиши ҳаматарафаи вазъи соҳаи кишоварзӣ, ченаки кишти зироатҳо, риояи қоидаҳои агротехникии парвариши пахта, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, пешгирии зироатҳо аз касалиҳои зараррасон, захираи хӯроки чорво, вусъат додани кишти такрорӣ, истифодаи оқилонаи қитъаҳои замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ, талу теппаҳо ва назди корхонаву ташкилотҳо, ки аз тарафи мутахассисони ботаҷрибаи соҳа таҳлилҳо гузаронида шуда буд, пурсиш намуданд.

Дар рафти баррасии таҳлилҳо ба масъалаҳои мубрами рӯз эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, бо мақсади расидагӣ ба мушкилоти сокинон тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шуданд.

Муовини расиси ноҳия Раҷабзода Алишер, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Эмомалӣ Файзализода ва дигар масъулин вазифадор гардиданд, ки аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода бурда, истифодаи пурраи заминҳои корам, кишти такрорӣ ва фаъолияти босамари хоҷагиҳои деҳқониро таъмин намуда, барои омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин робита, ба сомон расонидани корҳои банақшагирифташуда тадбирҳои таъсирбахш андешанд.

Дар фаранҷоми вохӯрӣ сокинони деҳаҳои А. Навоӣ, С. Шерозӣ ва соҳибкори маҳаллӣ Мирзаков Бозор барои таъмири ҷории шоҳроҳи ҳудуди деҳотҳои Даҳана ва Чоргул бо Сипосномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.