БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ҶОНБОШ” ВА “НАСРУЛЛО” ДАР ДЕҲАИ ҚУЛОБОД

Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия  аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова санаи 19 июли соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз рафти истифодаи самараноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷонбош” ва “Насрулло”, ки дар деҳаи Қулободи ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова воқеъ мебошанд дидан намуданд. Зимни боздид раиси ноҳия барои меҳнати пурсамар ва самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагии деҳқони ба хоҷагидорон изҳори сипос ва минатдори намуда, ба заҳмати софдилонаи онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон иброз гардид, ки ҳаряк сокини ноҳия имрӯз бояд дар истифодаи самараноки заминҳои дарихтиёр дошта саҳлангори накарда аз онҳо васеъ истифода бурда, захираи дусолаи маводи ғизоиро дар хонадони худ таъмин намуда, барои дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад саҳмгузор бошем. Хоҷагидорон иброз доштанд, ки онҳо на танҳо оилаи худ балки бозорҳои ноҳияро бо маводи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамоянд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.