22.03.2023, ноҳияи Ёвон, фестивали “ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ВА БАҲОРӢ”

  • Posted on: 23 March 2023
  • By: korbar

Нахуст, раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон директори Агентии содироти назди ҲҶТ, муовини раиси вилояти Хатлон ва муасилини ноҳия аз намоишгоҳи мухталифи таомҳои миллӣ ва маҳсулоти нонии бонувон, ки дар доираи фестивали “Таомҳои миллӣ ва баҳорӣ” ороста шуда буд, дидан намуданд.

Дар фестивал беш аз 60 дег таомҳои лазизу хушнамуди миллӣ, хоса таомҳоеро, ки бештар дар Хатлонзамин таҳия карда мешаванд, муаррифӣ намуданд.

Имрӯз бо ифтихор метавонем қайд намоем, ки дар натиҷаи талошҳои фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҷашни «Наврӯз» мақоми байналмилалӣ касб намуда, мусиқии «Шашмақом» ва таоми анъанавии «Оши палав»-и мо ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ин иқдом баҳри шинохти беҳтари миллати соҳибтамаддуни тоҷик имкон фароҳам овард.