табрикоти раиси ноҳияи Ёвон  ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 5 November 2022
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз!

Бисту ҳашт сол муқаддам, яъне шашуми ноябри соли 1994 дар кишвари азизи мо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд.

Ин санади тақдирсоз сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи навро дар Тоҷикистон муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси боэътимод гузошт.

Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите таҷлил гардида истодааст, ки мардуми саодатёри кишвари азизамон дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Бахшида ба 28-умин солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми шарафманди ноҳияро табрику муборакбод мегӯям.

Воқеан, мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик, алалхусус сокинони ноҳияи Ёвон бо саодатмандию сарфарозӣ, устувори пояҳои давлатдорӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб дар фазои орому осоиштаи кишвар ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ин ҷашнро бо фараҳмадӣ истиқбол менамоянд.

Дар шароити муосири давлатдории миллиамон бо эътимод метавон гуфт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард то ихтиёри давлатдориро бо дасти худ гирифта, дар масири зиндагии орому осуда ва эъмори давлати соҳибихтиёр роҳи васеъ кӯшояд. Дар иртибот бо ин яке аз беҳтарин дастовардҳое, ки дар заминаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон дар давраи Истиқлол ба даст омад қабули рамзҳои давлатдорӣ, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабули санади сарнавиштсоз Конститутсияи Тоҷикистон аст, ки барои бунёди давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ заминаи устувор гузошт.

 

Мо хуб дар ёд дорем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба буҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Дар натиҷаи риоя нагардидани талаботи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда чанд муддат рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ шуда, бесарусомониҳои сиёсӣ ва хавфи парокандагии давлат ва миллати тоҷик ба миён омаданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳамон вазъияти начандон мусоид гурӯҳи кории Шӯрои Олии кишвар оид ба тартиб додани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи Конститутсияро барои муҳокимаи умум дар матбуоти даврӣ ба чоп расонид. Вале мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ барои қабули ин санади муҳим имкон надод.

Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки таҳти роҳбарии Ҳукумати нав ва ҷидду ҷаҳди хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсии кишвар ба эътидол оварда шуд. Роҳбари давлат дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаду мароми худро оид ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қатъиян эълон намуд, ки он роҳи минбаъдаи рушду такомули давлату давлатдории моро муайян кард.

 

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи барҳақ таърихию тақдирсоз буд. Мардуми тоҷик бо қабули Конститутсияи нав ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълон доштанд.

Дар ин санади муҳим хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардуми кишварамон дарҷ ёфтаанд ва аз ҳамин ҷиҳат, Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯ ба ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.

Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои аввали Истиқлолият ва баъди қабули Конститутсия ба вуқуъ пайвастанд, шаҳодати дурусти роҳи интихобкардаи Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи матини халқу миллати тоҷик аст.

 

Тағйироте, ки дар ҷомеа рух медиҳанд, саривақт ба ҳисоб гирифта шуда, бо назардошти онҳо ба  Конститутсия  иловаҳо ва таҳрири нав дохил карда мешаванд. Дар ин бора натиҷаи раъйпурсиҳои умумихалқие, ки 26-уми    сентябри   соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 гузаронида шуданд, шаҳодат медиҳанд.

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Тоҷикистон барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навини тоҷикон омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши намоён бозид.

Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад, мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва Конститутсия барои ӯ муқаддас аст. Бояд ҳар як шахси ватандӯст андешаву амали худро ба он равона созад.

Бо ҳамин ниятҳои нек ва бо умедворӣ ба ояндаи дурахшон бори дигар ҳамаи шуморо ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодатмандию сарбаландии рӯзгор ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ғайрату бурдборӣ ва комёбиҳо орзу менамоям.

 

Рӯзи Конститутсия муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!