ШИНОСНОМА НОҲИЯИ ЁВОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Тавсифи умумӣ
Санаи таъсисёбӣ: 11 июни 1934
Масоҳат: 976.200 км2
Аҳолӣ: 240800 нафар (ба ҳолати 01.06.2021)
аз инмардҳо: 121200 нафар
занон: 119600 нафар
тоҷикҳо: 167550 нафар
ӯзбекҳо: 51560 нафар
русҳо: 407 нафар
қирғизҳо: 417 нафар
дигар миллатҳо: 14839 нафар
Водии Ёвон то соли 1920 яке аз амлокдориҳои Бекигарии Ҳисори Аморати Бухоро маҳсуб меёфт. Соли 1920 номи «тумани Ёвони вилояти Душанбеи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро»-ро гирифт. Аз соли 1927 ба ҳайати вилояти Ҳисори Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон шомил буд. Аз соли 1929 то соли 1934 яке аз воҳидҳои маъмурии ноҳияи Лақайтоҷики округи Ҳисори РСС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Он замон ин ноҳияи навтаъсисёфта ҳамагӣ аз панҷ колхоз иборат буд ва аҳолияш тақрибан 12-13 ҳазор нафарро ташкил медод. Соли 1934 (11 июн) дар асоси Қарори Кумитаи иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон бо номи ноҳияи Ёвон таъсис ёфтааст.
Солҳои 1963-1965 ноҳияи Ёвон ба ҳайати ноҳияи Куйбишев (ҳоло А.Ҷомӣ) тобеъ буд.
Масоҳати ноҳия 976200 километри мураббаъ ва аҳолияш дар соли 2021 зиёда аз 240000 нафарро ташкил медиҳад.
Аз нигоҳи этимологӣ калимаи «Ёвон» аз забони авастоӣ “yavanha” баромадааст, ки маънии он «чарогоҳ» мебошад. Ин вожа мафҳуми «водӣ»-ро низ ифода мекунад (водӣ- мавзеи барои чарогоҳ ва зироаткории лалмӣ мувофиқ).
Яке аз тадқиқотчиёни нахустини водии Ёвон Юркевич Э.А. доир ба вожаи «Ёвон» нуқтаи дигареро зикр намудааст, хеле ҷолиб аст. Ба андешаи ӯ, вақте ки Искандари Мақдунӣ дар замони лашкаркашии худ ба ин макон мерасад, сокинони маҳаллӣ юнониҳои мақдуниро “явана” ном мебаранд. Мавсуф, барои тақвияти фикри худ, Ҳиндустонро мисол меорад, ки он ҷо низ юнониҳоро “явана” мегуфтанд (Юркевич, 1965, с.167).
Ковишҳои бостоншиносӣ, ки аз тарафи Экспедитсияи қисмати ҷанубии Тоҷикистон таҳти роҳбарии академик Литвинский Б.А. дар давоми солҳои 1963-1990 дар 129 мавзеи ноҳия анҷом пазируфтаанд, шаҳодат медиҳанд, ки водии Ёвон дар давраи антиқӣ (асри III то милод то асри IV милодӣ) ободтар буд ва дар ҳудуди он 10-12 шаҳр арзи ҳастӣ дошт. Аммо дар асрҳои баъдӣ (то асри XVII), бинобар сабаби хушкии иқлим аҳолии ин минтақа аксаран (ба истиснои деҳаҳое, ки дар ҷониби шимолу шарқии ноҳия ҷойгир шудаанд), ба маконҳои дигар кӯч бастанд ва тадриҷан шаҳрҳои обод харобу нобуд гаштанд.
Аз рӯи маълумоти гуногун як қисмати аҳолии водӣ дар асрҳои XIII аз Конибодом ва дар асрҳои XVIII то ибтидои XX аз навоҳии Кӯлоб, Балҷувон, Норак ва Файзобод кӯчида омадаанд.
Лақайҳо ва қарлуқҳо дар асри XVII ва асри XIX ба ин ҷо омада, қисмати ғарбии водии Ёвонро маҳали иқомат интихоб кардаанд. Ба қавли олим М.Ҳамроев, ки дар оғози асри XX аз Бухорои Шарқӣ дидан карда буд, «Лақайҳо қавми сернуфустарине ҳастанд, ки дар қисмати шарқии Бекигарии Ҳисор маскун шудаанд. Онҳо аз ду авлоданд. Авлоди Эҳсонхуҷа барои зиндагӣ амлокдории Султонобод ва Ёвонро пазируфтаанд» (Ҳамроев, 1959).
Соли 1924 дар водии Ёвон ҳамагӣ 9038 нафар аҳолӣ сукунат дошт, ки аз он 7625 нафар тоҷикон ва 1410 нафар узбекон (лақайҳо ва қарлуқҳо) буданд.
Моҳи апрели соли 1991 ноҳияи Ёвон аз тобеияти собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ба гурӯҳи ноҳияҳои тобеи марказ гузаронида шуд ва бо гузашти беш аз як сол (моҳи декабри соли 1992) дубора ба ҳайати вилояти Қӯрғонтеппа дохил гардид (декабри соли 1992 собиқ вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб муттаҳид карда, ба вилояти Хатлон табдил дода шуданд).
Ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар соҳили рости дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Водиро аз ғарб ва шимол қаторкӯҳи Боботоғ, аз шарқ қаторкӯҳи Қаротоғ иҳота намуда, самти ҷанубиаш ба дарёи Вахш кушода аст. Ёвон бо шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат (аз самти шимол), Норак (аз шимолу шарқ), Данғара (аз шарқ), Абдураҳмони Ҷомӣ (аз ҷануб), Хуросон (аз ҷанубу ғарб) ва Рӯдакӣ (аз ғарб) ҳамсарҳад аст. Тӯли водӣ 50 км, бараш то 15 км. Сатҳаш ҳамвор аст, онро дарёчаи Ёвонрӯд бурида мегузарад. Иқлими водӣ континентӣ, ҳарорати миёнаи январ 2,10 С., июл 310 С. Боришоти солона (асосан зимистону баҳор) 650-700 мм. Хоки канорҳои ҷанубии водӣ хокистарранги сафедтоб, қисмҳои марказию ҷанубияш хокистарии муқаррарӣ, қисми шимолии он хокистарии тира, ҷо-ҷо хоки шӯр вомехӯрад.
Ҳамчун ноҳияи аграрӣ шуҳрат ёфтани ноҳияи Ёвона сосан баъд аз бунёди нақби қариб ҳафтунимкилометраи обгузари Бойғозӣ-Ёвон, ки оби дарёи Вахшро ба водӣ мерасонад, оғоз гардида, ба охири солҳои 60-уми асри гузашта рост меояд. Кандани нақби мазкур 10 феврали соли 1962 ибтидо ёфта, баъд аз шаш солу се моҳ 18 майи соли 1968 ба анҷом расонида шудааст. Имрӯз ин нақби азим тамоми водии Ёвон ва қисмате аз навоҳии Ҷомӣ ва Хуросонро бо об таъмин менамояд.
Имрӯз ноҳияи Ёвон аз 2 шаҳрак (Ёвон, Ҳаёти Нав) ва 9 деҳот (ба номи Ҳасан Ҳусейнов, ба номи Гулсара Юсуфова, Даҳана, Чоргул, Обшорон, Норин, Ситораи Сурх) иборат аст.
Раисони ноҳия (аз замони таъсисёбӣ то имрӯз): Ғиёс Тағоймуродов (1934-1946), Тоҳир Бобоёров (1946-1948), Қарахон Сардоров (1948-1950), Тилло Солиев (1950-1951), Ғозӣ Миров (1951-1952), Аҳмад Сулаймонов (1952-1953), Ғулом Наимов (1953-1955), Ҳоҷӣ Урунов (1955-1957), Зоир Халилов (1957-1963), (аз моҳи январи соли 1963 то моҳи июни соли 1965 ноҳияи Ёвон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамроҳ карда шуда буд), Раҳматулло Абдуллоев (1965-1971), Расул Раҷабов (1971-1973), Нуриддин Ҷобиров (1973-1975), Абдулло Қосимов (1975-1977), Назархуҷа Наботов (1977-1985), Суюнмурод Мамасаидов (январ-апрели1986), Леонид Говорков (1986-1987), Шодавлат Шодавлатов (1987-1990), Раҷаббек Қодиров (1990-1991), Қурбоналӣ Азизов (1991-1992), Саъдулло Бекназарзода (1992-1999), Холмурод Мирзобеков (1999-2006), Комилҷон Холов (2006-2008), Бароталӣ Юсуфзода (2008-2011), Раҷабалӣ Тағоев (2011-2013), Амирбеки Темур (2013-2019), Саидзода Ҷамшед Ҳамро (аз соли 2019 то инҷониб).
Аз давраи таъсисёбии ноҳия то ҳоло шахсони зерин дар вазифаи котиби якуми Ҳизби коммунистии ноҳияи Ёвон кор кардаанд: Кимсан Рустамов (1934-1937), Бобоҷон Каримов (1937-1938), Николай Смирнов (1938-1941), И.Ҳамдамов (1941-1942), Виктор Никулин (1942-1945), Муҳаммадамин Назаров (1945-1949), Усмон Муъминов (1949-1951), Мирзо Юсупов (1952-1954), Василий Нефёдов (1954-1957), Қурбон Сатторов (1957-1958), Турсунбой Бойалиев (1959-1963) (солҳои 1963-1965, яъне дар ҳамон даврае, ки ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ якҷоягардида буданд, ин вазифа ба зиммаи Муҳаммадов ном шахс будааст), Дмитрий Волков (1965-1967), Николай Попов (1967-1969), Дмитрий Волков (1969-1970), Алексей Живилов (1970-1975), Эдуард Микиртичев (1975-1982), Юрий Поселянов (1982-1986), Суюнмурод Мамасаидов (1986-1988), Аббосалӣ Гусейнов (1988-1990), Муҳаммадамин Сафархолов (1990-1992), Шамсиддин Раҳимов (аз соли 1993 то ҳоло).
НОҲИЯИ ЁВОН ДАР ДАВРОНИ
СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон чун дигар шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳадде тараққӣ кардаву иқтидорашро афзун намудааст, ки назири онро сокинонаш дар ёд надоранд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ёвон сохта ба истифода дода шудани шаш корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, равған ва нонию қаннодӣ, “Намаки Ёвон”, корхонаҳои муқтадири сементбарории “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Хуаҷиан Моҳир семент”, фабрикаи “Ваҳдат Текстайл”, “Фабрикаи мурғпарварии “Беҳамто”, корхонаи гаҷкартонбарории “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал”, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти кимиёвии “Криолит”, қитъаи Ваҳдат-Ёвон роҳи оҳани “Душанбе-Қӯрғонтеппа”, даҳҳо коргоҳҳои саноатии хурду миёна, 16 муассисаи таҳсилоти умумии нав, беш аз 30 бинои нави таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти зиёди фарҳангию маишӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ барои баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодии ноҳия таъсири мусбат гузошт.
Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 341 иншооти ҷашнӣ (корхонаву коргоҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, муассисаҳои маишӣ, фарҳангию фароғатӣ, хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо, бунёд ва таъмири роҳҳо ва ғайраҳо) бомаром идома дошта, то 10 июли соли равон 338 иншоот ё худ, 99,1 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шудаанд.
МАҚОМОТИ НАМОЯНДАГӢ
- Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, иборат аз 40 нафар.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.
ШУҒЛИ АҲОЛӢ
-шумораи аҳолии қобили меҳнат- 121150 нафар
-ба шуғл ҷалб мебошанд- 71713 нафар
-аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол- 49437 нафар
-муҳоҷирони меҳнатӣ- 8742 нафар
-бекорони дарқайдбуда- 471 нафар
-нафақагирон- 15932 нафар
-фонди нафақа дар як моҳ- 4 млн. 771,6 ҳазор сомонӣ
-зичии аҳолӣ дар 1 км2 - 207,9 нафар
МИЛЛАТҲО
-тоҷикон- 142460 нафар
-узбекон- 53340 нафар
-русҳо- 192 нафар
-қирғизҳо- 431 нафар
-дигар миллатҳо- 26584 нафар
ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
Ҳизбҳои сиёсии амалкунанда
1. ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон (аъзо: 6772 нафар)
2. ҲКТ дар ноҳияи Ёвон (аъзо: 1217 нафар)
3. ҲДТ дар ноҳияи Ёвон (аъзо: 16 нафар)
4. ҲИИТ дар ноҳияи Ёвон (аъзо: 12 нафар)
5. ҲАТ дар ноҳияи Ёвон (аъзо: 1229 нафар)
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи кишоварзӣ
2. Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маориф
3. Иттифоқи касабаи коркунони корхонаҳои давлатӣ
4. Иттифоқи касабаи соҳаи тандурустӣ
5. Ҷамъияти узбекзабонони ноҳия
6. Ҷамъияти русзабонони ноҳия
7. Ҷамъияти бадахшониён
8. Масҷидҳои ҷомеъ- 11-то
9. Масҷидҳои панҷвақта- 164-то
10. Ибодатхонаи эвангелӣ-бабтистӣ- 1-то
11. Шӯрои меҳтарони ҷангу меҳнат
12. Шӯрои ҷанговарони байналмилал
13. Ҷамъияти иштирокдорони садамаи стансияи “Чернобил”
14. Ҷамъияти маъюбон
МАТБУОТИ ДАВРӢ
Рӯзномаи «Субҳи Ёвон» (теъдоди нашр: 2000 нусха)
ФАРҲАНГ
(Ҳамагӣ: 38 муассиса)
Театри халқӣ- 1 адад
Ансанбли тарона ва рақс- 1 адад
Кохи фарҳанг 1 адад
Хонаи фарҳанги деҳотӣ- 2 адад
Осорхона- 1 адад
Кинотеатр- 1 адад
Китобхонаҳо- 28 адад
Мактаби бачагонаи санъат- 1 адад
Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ- 3 адад
МАОРИФ
(Ҳамагӣ: 93 муассиса)
- 81 муассисаи таҳсилоти умумӣ
- 1 литсей
- 2 гимназия
- 1 мактаб-интернат
- 8 муассисаи таълимии томактабӣ
Соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 59085 нафар хонандагон таҳсил дошта, ба онҳо 2696 нафар омӯзгорон (занон: 1376 нафар- 51%) дарс мегӯянд.
Дар 8 муассисаи томактабии ноҳия 2831 нафар ва дар 55 маркази инкишофи кӯдакони назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1113 нафар кӯдакони то 6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 468 нафар зиёд буда, баробари 10,2 фоизи кӯдакони синни томактабӣ мебошад.
ДАР НОҲИЯ 2 КОЛЛЕҶ ВА 2 ЛИТСЕЙИ КАСБИИ
ТЕХНИКИИ ЗЕРИН ФАЪОЛИЯТ ДОРАНД:
- Коллеҷи технологӣ-фармасевтии тоҷикистон (донишҷӯён: 1360)
- Коллеҷи тиббӣ (1012 нафар)
- Литсейи касбии техникӣ (283 нафар)
- Литейи касбии техникии саноати кишрварзӣ (263 нафар)
ТАНДУРУСТӢ
Ҳамагӣ 97 муассисаи давлатӣ ва 4 муассисаи хусусӣ:
- беморхонаи марказӣ
- се беморхонаи рақамӣ
- шуъбаи дезинфексионӣ
- 13 маркази ноҳиявӣ
- маркази саломатии ноҳиявӣ
- 31 маркази саломатии деҳотӣ
- 40 бунгоҳи тиббӣ
- 7 нуқтаи тиббӣ
Шумораи кормандон: 1910 нафар, аз ин 249 нафар духтурон ва 1059 нафар кормандони миёна, 430 нафар кормандони хурд ва 172 нафар кормандони гуногун.
ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
- шумораи ҷавонон- 75100 нафар (духтарон: 37100 нафар)
- дар ҳайатҳои роҳбарикунанда- 125 нафар
- аъзои маҷлисҳои маҳаллӣ- 60 нафар
- иншооти варзишӣ- 245-то, аз он:
- варзишгоҳи марказӣ- 1-то
- мактаби варзишӣ- 1-то
- толори варзишӣ- 37-то
- майдончаҳои варзишӣ- 197-то
- ҳавзи шиноварӣ- 4-то
- фитнес-толорҳо- 5-то
Ҳамасола 9 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо стипендияҳои Президентӣ, 5 нафар бо стипендияҳои раиси вилояти Хатлон, 60 нафар бо стипендияҳои раиси ноҳия ва 20 нафар бо стипендияҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида мешаванд.
Варзишгарони ноҳия дар шаш моҳи соли 2021 аз мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ 35 медал, аз ҷумла 8 медали тилло, 9 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
БОНКҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ХУРДИ ҚАРЗДИҲӢ
Филиали №17-и БДА ҶТ “Амонатбонк”
Филиали ҶСК “Ориёнбонк”
Филиали ҶСК “Бонки Эсхата”
ҶСП “Спитаменбонк”
ҶСП ТАКХ “Ҳумо”
ҶСП ТАКХ “Имон Интернешнл”
ҶДММ ТАКХ “Финка”
МХБ “Комерсбонки Тоҷикистон”
САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА
Шумораи корхонаҳои саноатӣ- 44 адад
аз ҷумла:
-кимиёвӣ- 2 адад
-масолеҳи бинокорӣ- 15 адад
-сабук- 9 адад
-хӯрокворӣ- 6 адад
-дигар корхонаҳо- 12 адад
Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа- 2700 нафар
Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 562млн. 892 ҳазор сомонӣ (101,9 фоиз) расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 19,3 млн. сомонӣ зиёд аст.
Аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент»ба миқдори 330 ҳазору 871 тонна ва аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 203 ҳазору 190 тонна семент ба маблағи умумии 237 млн. 30,4 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид. Тибқи нақша дар оянда аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат» содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои тагпӯши кӯдакона ба роҳ монда иешавад.
СОХТМОН
- ташкилотҳои сохтмонӣ- 15-то
- коргарону хизматчиёни соҳа- 228 нафар
- мошинҳо ва механизмҳо - 75 адад
Соли 2020 ҳаҷми маблағгузории асосӣ 37 млн. 252,7 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳои пудратӣ ба маблағи 13 млн. 988,6 ҳазор сомонӣ иҷро гардид ва фондҳои асосӣ ба маблағи 20 млн. 554,8 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.
МУОМИЛОТИ МОЛ
Соли 2020 муомилоти мол 352,6 млн. сомониро ташкил дод.
ХИЗМАТРАСОНИ ПУЛАКӢ
Соли 2020 хизматрасонии пулакӣ дар ноҳия 149,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2019-ум 7,056 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
ШАБАКАҲОИ БАРҚИИ НОҲИЯ
-зеристгоҳҳои барқӣ-4 адад
Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа- 284 нафар
НАҚЛИЁТ ВА РОҲ
Муассисаи нақлиётӣ- 1 адад
- дарозии роҳҳо- 453,6 км
аз ҷумла:
- ҷумҳуриявӣ- 79,5 км
- маҳҳалӣ- 153,8
- мумфарш- 107,4км
- асфалту бетонӣ- 106,6
- шағалӣ- 7,1 км
- хокӣ- 2,5 км
Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа: 42 нафар
Соли 2020 дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бо ташаббуси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва соҳибкорони маҳаллӣ дар масофаи 13,1 км роҳҳои мошингард таъмири асосӣ, дар 62,2 км сангфаршкунӣ ва дар 4,7 км таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, 9 пули гуногунандоза таъмиру бунёд ва 9 қубури зери роҳ азнавсозӣ гардиданд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ маблағи дар ин самт харҷгардида 3 млн. 391,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
АЛОҚА
-бахшҳои алоқаи ҶС «Тоҷиктелеком» - 1 адад
-стансияи телефонии маркази ноҳия - 1 адад
Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа - 29 нафар
ИНШООТҲОИ ХАРАКТЕРИ СТРАТЕГИДОШТА
- нақби обгузари Бойғозӣ-Ёвон
- роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон ва Ёвон - А. Ҷомӣ
- 79,4 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва пулҳо
- корхонаи сементбарории “Хуаксин Ғаюр семент”
- корхонаи сементбарории “Хуаҷиан Моҳир семент”
- корхонаи истеҳсоли маҳсулоти кимиёвии “Криолит”
- маркази барқию гармидиҳӣ
- корхонаи “Тоҷикхимпром”
ХОҶАГИИ КОММУНАЛӢ
Масоҳати манзил (1000 м2)
93914
Таъминоти манзил:
-бо хатти обгузар
27 км
-бо хатти партобгузар
16 км
-бо газ
1500 м
Масофаи хати обгузар
27 км
Меҳмонхона
5 адад
( меҳмонхонаҳои “Ёвон”- 30 ҳуҷра бо 60 ҷой, “Сабрина”- 8 ҳуҷра бо 12 ҷой, “Незнакомка”- 5 ҳуҷра бо 8 ҷой, “Содиротбонк”- 6 ҳуҷра бо 12 ҷой, “Меҳмонхона”- 9 ҳуҷра бо 13 ҷой).
Хатҳои обгузар:
-дар кӯчаҳо
5 км
-дар маҳалла ва ҳавлиҳо
4 км
Масофаи хатти партобгузар
16 км
Хатҳои партовгузари кӯчаҳо
2 км
Коллекторҳои асосӣ
8 км
Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа
124
КИШОВАРЗӢ
Майдони умумии заминҳои марзи маъмурии ноҳия 92704 гектарро ташкил медиҳад, аз он:
- заминҳои корам- 25159 га,
аз ҷумла;
- корами обӣ 21237 га,
- заминҳои боир 21 га,
- алафзор 54 га,
- чарогоҳҳо 43925 га,
- заминҳои наздиҳавлигӣ 5578 га, аз ҷумла обӣ 3058 га,
- заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ (президентӣ) 1794 га,
аз ҷумла обӣ 599 га,
- буттазор 1019 га,
- ботлоқҳо 304 га,
- заминҳои зери об 2491 га,
- зери роҳҳо 1326 га,
- зери сохтмону майдонҳо 2477 га
ва дигар намуди заминҳо 5515 гектар.
Аз миқдори заминҳои корам ҳамагӣ 25142 гектар, аз ҷумла 21237 гектар корами обӣ ва 3905 гектар корами лалмӣ дар истифодаи корхонаҳои кишоварзӣ қарор доранд.
- хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)- 4387 адад
- хоҷагиҳои ёрирасони ташкилотҳо- 64 адад.
Соли 2020 ҳаҷми мстеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагидори ноҳия ба 1 млрд. 139 млн. 897,5 њазор сомонӣ расида, ки аз он 745 млн. 908,0 њазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 393 млн. 989,5 њазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.
Аз майдонҳои кишт 6980 га ғалла ва лӯбиёгиҳо (аз он 6233 га гандум, 241 га ҷуворимаккаи дон, 386 га ҷав, 115 га дигар намуди ғалладонагиҳо), 217,5 га картошка, 1790 га сабзавот (аз он 828 га пиёз), 1081 га полезӣ, 11594 га зиротатҳои техникӣ (аз он 11024 га пахта ва 830,5 га зироатҳои хӯроки чорво) ҷамъоварӣ карда шуд.
Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба хориҷи кишвар 3919,5 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда, нақшаи солонаро ба андозаи 101,8 фоиз иҷро намуданд.
Саршумори чорво
- чорвои калони шохдор 98945 сар (аз он модагов- 48865 сар)
- чорвои майда- 184994 сар
- паранда- 247466 сар
- асп 6075 сар
- оилаи занбӯри асал- 4430 оила (нишондиҳандаҳои соли 2020).
Истеҳсоли маҳсулотҳои чорводорӣ
- гӯшт 13453,9 тонна
- шир 49762,9 тонна
- тухм 7,9 млн. дона
- пашм 403,8 тонна
- асал 78,2 тонна
- пилла 27 тонна (нишондиҳандаҳои соли 2020).
Техникаҳои кишоварзӣ
Ҳамагӣ 346 адад, аз он ҷумла:
-тракторҳои тасмачарх- 97 адад
-тракторҳои байни қаторҳо- 125 адад
-тракторҳои боркаш- 124 адад
ИДОРАИ ДАВЛАТИИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРӢ
Шабакаҳои обёрикунандаи байнихоҷагӣ
177,2 км
Қубурҳои пӯшидаи дохили хоҷагӣ
702 км
Масофаи умумии заҳбуру заҳкашҳо
1140 км
Заҳбуру заҳкашҳои болопӯшида
1115 км
Заҳбуру заҳкашҳои кушода
25 км
Миқдори булдозер ва экскваторҳои соҳа
4 адад
Миқдори пойгаҳҳои обкашӣ
16 адад
Чоҳҳои амудӣ (скважина)
25 адад
Майдони кишти ба воситаи пойгоҳҳо обёришаванда
12150 га
Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа
210 нафар
СОҲАИ ХИЗМАТРАСОНӢ
Шумораи муассисаҳои хизматрасонӣ
30 адад
Нуқтаҳои хӯроки умумӣ
24 адад
Шумораи нуқтаҳои савдо
611 адад
Ҳаммом
14 адад
Сартарошхона
30 адад
Кошонаи ҳусн
6 адад
Ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ
29 адад
Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа
1396 нафар
Шумораи бозорҳои доимӣ
3 адад
Шумораи бозорҳои яквақта
4 адад
ИМКОНИЯТҲО ВА НИЁЗҲОИ
НОҲИЯИ ЁВОН БАРОИ БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲО
Ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ноҳияи саноатӣ-аграрӣ буда, соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии он 2 млрд. 702 млн. 115,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 82 млн. 382,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 562 млн. 218 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 млрд. 139 млн. 897,5 њазор сомонӣ баробар гардид. Дар қиёс бо соли 2019 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 19 млн. 326 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.
Ноҳия имконият дорад, ки дар доираи ҳамкориҳои оянда маҳсулоти бинокории сементи хушсифатро барои содирот пешниҳод намуда, бо назардошти он ки соҳаҳои саноати мошинсозӣ ва коркарди нахи пахта дар вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон пешрафта мебошад, барои рушд бахшидан ба соҳаҳои мазкур дар ноҳия бо бародаршаҳри худ ҳамкорӣ намояд.
Ҳамчунин, дар доираи муносибатҳои дӯстонаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бо назардошти манфиатҳои судманди ду ҷониб, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои кишоварзӣ, иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, илму техника, фарҳанг, сайёҳӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, ба роҳ мондани ҳамкориҳо фоидаовар арзёбӣ карда мешаванд.
ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ
Дар ҳудуди ноҳия 9 шаҳраку деҳот ҷойгир аст:
Шаҳраки Ёвон
Санаи таъсисёбӣ: соли 1934.
Масоҳат: 1300 гектар.
Аҳолӣ: беш аз 38,1 ҳазор нафар.
Шаҳраки Ёвон аз маҳаллаву кӯчаҳои Меҳвар, М.Турсунзода, Б.Ғафуров, К.Қурбонов, Т.Хушвахтов, Одинаев, Шамсов, Тоҷикистон, К.Мирзоев, Р.Раҷабов, А.Ғуломов, Дӯстӣ, Ёвони Куҳна, С.Айнӣ, С.Шерозӣ, 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Спутник, Орзу, А.Ҷомӣ, Ҷ.Бобиев, А.Раҳматуллоев, Т.Карликов ва якчанд тангкӯчаҳо иборат аст.
Дар ҳудуди шаҳраки Ёвон ҳама ниҳодҳои ноҳиявии вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ниҳодҳои ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Комиссариати ҳарб, Қисми низомии 6593, Маҳбасхона, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, филиалҳои Амонатбонк, Ориёнбонк, Спитаменбонк, Эсхата, инчунин, ташкилотҳои хурди қарздиҳии Имон Интернешнл, Ҳумо, Финка, Оксус ва ғ., фабрикаи дӯзандагӣ ва бофандагии “Ваҳдат Текстайл”, якчанд корхонаҳои хурд ва миёнаи истеҳсолӣ, зиёда аз 220 бинои истиқоматии баландошёна, 6 муассисаи томактабӣ (№№1, 5, 11, 13, 14, “Ориёна”), 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (№№1, 2, 5, 45, 75, 77, 80, Литсей, Гимназия, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ), чор муассисаи миёнаи касбӣ (Коллеҷи тиббӣ, Коллеҷи технологӣ-фармасевтӣ, Литсейи касбии техникӣ, Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ), Мактаби бачагонаи санъат ба номи Ф.Шарифов, мактаби варзишии ба номи Р.Тешаев, Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов, Кохи синамои “Наврӯз”, Осорхона, се китобхонаи оммавӣ, Матбааи “Субҳи Ёвон”, Маркази алоқаи Почта, Қитъаи техникии “Тоҷиктелеком”, Маркази телевизиони кабелӣ, Хонаи пиронсолон ва маъюбон, Маркази минтақавии рӯзонаи “Умед”, Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, 7 нуқтаи тиббии хусусӣ, 29 дорухона, теъдоди зиёди тарабхонаҳо (“Ёвон”, “Кӯшон”, “Дунё”, “Умар”, “Шоми Ёвон”, “Фараҳбахш” ва ғ.), даҳҳо марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, маишӣ ва техникӣ, дӯкону мағозаҳо, ҳаммомҳо, чор бозори тиҷоратӣ (Меҳргон, Тиҷорат, Ансор, Фаровон), Терминали мусофиркашонӣ фаъолият мекунанд ва Варзишгоҳи марказӣ, 1 маҷмаа, 1 фитнес-клуб, 4 ҳавзи шиноварии болопӯшида, якчанд толор ва майдончаҳои варзишӣ, 3 боғи истироҳатӣ (Фароғат, Ғалаба, ба номи Б.Ғафуров) ва дигар иншооти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор доранд.
Масофаи роҳҳои мошингарди шаҳраки Ёвон 130 км аст, ки аз он 20 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошад. Аз рӯи ҳисоботи пешакӣ аҳолии шаҳраки Ёвон то соли 2035 ба 55-60 ҳазор нафар мерасад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳудуди он дар ояндаи наздик мутобиқи Нақшаи генералии нав (28 декабри соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст) васеъ гардида, аз 613,17 гектар ба наздики 1300 гектар расонида хоҳад шуд.
Лоиҳаи Нақшаи генералии мазкур, бунёди манзилҳои истиқоматии 9-12 ошёна- 35%, биноҳои 4-6 ошёна- 40% ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ (0,04-0,06 га)- 25%-ро пешбинӣ менамояд. Тибқи ин санад дар баробари сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар маркази ноҳия бунёд намудани биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, боғҳои фароғатӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 мактаб-интернат, марказҳои фарҳангӣ ва ҷавонон, осорхона ва китобхонаи замонавӣ пешбинӣ карда шудааст.
Дар асоси Нақшаи генералӣ сохтори нақлиётӣ нигоҳ дошта мешавад, кӯчаҳо таҷдид гардида, шоҳроҳҳои нав сохта, минтақаҳои коммуналӣ, ҷойҳои истироҳати аҳолӣ ва системаи шоҳроҳҳои шаҳрӣ ва беруназшаҳрӣ ба низом дароварда мешаванд.
Шаҳраки Ҳаёти Нав
Санаи таъсисёбӣ: соли 1971.
Масоҳат: 6049 гектар.
Аҳолӣ: зиёда аз 22000 нафар.
Марказ: шаҳраки Ҳаёти Нав.
Аз деҳаҳои Ҳаштуми Март, Саъдии Шерозӣ, Алишер Навоӣ, Ваҳдат ва Ҳамза иборат аст.
Заминҳои корам: 4992 га (аз он 4762 га обӣ), чарогоҳ: 1227 га, заминҳои наздиҳавлигӣ: 833 га, заминҳои ёрирасон: 135 га, дигар намуди заминҳо 1074 га. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ деҳқонони ин минтақа дар майдони 128 га боғҳои зардолу, себ, чормағз, бодом, олу, ангур ва анор бунёд кардаанд.
Саршумори чорвои калони шохдор: зиёда аз 13000 сар, моли майда: зиёда аз 18000 сар, асп: 507 сар, паранда: 14860 сар ва занбӯри асал: 446 оила.
Дар шаҳраки Ҳаёти Нав корхонаҳои коркарди пахтаи “Истиқлол-2010” ва“Сзинян Инхай Хуанфантсюй”, Корхонаи истеҳсоли орди “Кипарис-2010” фаъолият доранд.
Дар муддати 30 соли охир дар ин шаҳрак зиёда аз 60 маркази савдову хизматрасонӣ ва хӯроки умумӣ, 9 осиёби ордбарорӣ, 6 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 4 дӯкони нонпазӣ, 1 сартарошхона мавриди истифодаи аҳолӣ қарор гирифтаанд.
Дар ҳудуди шаҳраки Ҳаёти Нав ва 5 деҳаи мазкур 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (№№36, 42, 43, 47, 48, 50, 54, 59, 61, 66, 74), 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 маркази саломатӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ, 1 китобхонаи оммавӣ ва 1 толори фарҳангӣ амал мекунанд.
Деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов
Санаи таъсисёбӣ: соли 1972.
Масоҳат: 12555 гектар.
Аҳолӣ: зиёда аз 27000 нафар.
Марказ: деҳаи Чароғчӣ.
Аз деҳаҳои Чормағзак, Гули Бодом, Дарагӣ, Челонзор, Муллобаротӣ, Ҳасанӣ, Чароғчӣ, Ширинчашма, Тутак, Оҳуҷар, Чашмасор-1, Чашмасор-2, Озодӣ, Навобод, Дӯстӣ, Дастгираки Боло, Дастгираки Поён, Меҳристон, Тошохур, Мирзоии Боло, Мирзоии Поён, Дунис, маҳаллаҳои 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомӣ-2 иборат аст.
Дар ҳудуди деҳоти мазкур 150 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта, 1437 га заминҳои корам (аз он 1049 га заминҳои обӣ), 6181 га чарогоҳ ва 781 га заминҳои наздиҳавлигӣ мавҷуданд.
Хоҷагиҳои ин деҳот, ки ҳоло теъдодашон ба 375 адад расидааст, дар майдони 1017 га дарахтони себу анор, шафтолую зардолу ва ноку ангур парвариш мекунанд. Онҳо дар зарфи 25 соли охир дар майдони 215 га боғу токзори нав бунёд намудаанд.
Дар фермаҳои ширию молии ҶДММ “Ваҳдат”, кооперативи истеҳсолии “Ба номи Р.Нуров” ва боз ду фермаи дигари ширию молии ҳудуди деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов қариб 700 сар чорвои калон ва беш аз 3500 сар моли майда нигоҳубин карда мешавад.
Дар деҳоти мазкур корхонаҳои саноатии “Ғаюр”, “Хуаксин Ғаюр семент”, коргоҳи “Сангшикани Ёвон” фаъолият доранд.
Дар ҳудуди деҳот 14 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ (№№77, 7, 8, 44, 9, 10, 11, 81, 12, 57, 15, 46, 58, 71), 17 муассисаи деҳотии тандурустӣ (6 маркази саломатӣ, 11 бунгоҳи тиббӣ), 7 китобхонаи оммавӣ, 3 толори варзишӣ, 9 иншооти варзишӣ мавҷуд аст.
Деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова
Санаи таъсисёбӣ: соли 1972.
Масоҳат: 6315 гектар.
Аҳолӣ: зиёда аз 21000 нафар.
Марказ: маҳаллаи Навкорам.
Аз маҳаллаҳо ва деҳаҳои Сарқамиш, Қамбарӣ, Тутбулоқ, Обшорон, Навкорам, Зариндашт, Гулдара, Бӯстон-1, Бӯстон-2 ва Гулистон иборат аст.
Дар деҳоти мазкур 1 муассисаи томактабӣ, 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (№№6, 30, 49, 62,65), 7 муассисаи деҳотии тандурустӣ (2 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ) корхонаи пахтатозакунии “Аноҳид”, Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳия, 1 истгоҳи телевизионӣ, 1 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 пойгоҳи обкашӣ (№№1 ва 2), , 2 дорухона, 1 китобхона ва 1 толори фарҳангӣ, 6 майдони варзишӣ, 4 коргоҳи ордбарорӣ, 4 устохонаи таъмири техникӣ, 5 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва зиёда аз 60 марказҳои хизматрасонию савдо фаъолият доранд.
Ҳоло 335 хоҷагии деҳқонии дар ин ҳудуд фаъолиятдошта аз 1987 га замини киштшаванда (аз он 1781 га замини обӣ) истифода бурда, ба боғдорию зироаткорӣ шуғл меварзанд.
Деҳоти Даҳана
Санаи таъсисёбӣ: соли 1995.
Масоҳат: 16800 гектар.
Аҳолӣ: зиёда аз 22000 нафар.
Марказ: деҳаи Даҳана.
Аз деҳаҳои Чаманзор, Сарчашма, Тоҷикобод-1, Тоҷикобод-2, Яккатут, Кӯл, Тутчашма, Мирамшоҳӣ, Даҳана, Заркамар, Ғарав, Гулистон ва Ҷавонӣ иборат аст.
Дар ҳудуди деҳоти Даҳана корхонаву коргоҳҳои саноатии “Намаки Ёвон”, “Ато”, “Хуаҷиан Ғаюр Индустриал”, “Хима Текстил”, “Ҷунгтсай Моҳир семент”, “Ҷунда”, “Токфеникс”, “Тоҷметпласт”, “Даҳана-2”, “Даҳана-3”,“Муқим”, “Эксперт-саноат”, “Муаллими Файзалӣ”, “Ҳабибуллои Фирӯз”, “Бунёди Ёвон”, 2 фермаи ширию молӣ, нуқтаҳои зиёди хизматрасонию маишӣ фаъолият мекунанд.
Деҳоти Даҳана дорои 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (№№14, 18, 63, 16, 17, 13, 72), 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ, 5 китобхонаи оммавӣ, 9 муассисаи тандурустӣ (2 маркази саломатӣ ва 7 бунгоҳи тиббӣ ва10 иншооти варзишӣ мебошад.
Дар ҳудуди деҳоти Даҳана зиёда аз 3000 га заминҳои корам (аз он обӣ: 1900 га, лалмӣ: 1150 га) ва 10041 га замини чарогоҳ мавҷуд аст, ки дар онҳо 314 хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорию чорводорӣ доранд.
Деҳоти Чоргул
Санаи таъсисёбӣ: соли 1983.
Масоҳат: 7642 гектар.
Аҳолӣ: зиёда аз 17000 нафар.
Марказ: деҳаи Чоргул.
Аз деҳаҳои Чоргул, Кӯлобод, Гулафшон, Сабзазор ва Шурча иборат аст.
Дар ин ҳудуд корхонаҳои саноатии “Тоҷиккимсаноат”, “Маркази барқию гармидиҳӣ”, “Криолит”, “Рамзи Аминҷон” ва “Фабрикаи мурғпарварии беҳамто”, 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (№№19, 22, 34, 39, 52), 7 муассисаи тандурустӣ (3 маркази саломатӣ, 4 бунгоҳи тиббӣ), 3 китобхонаи оммавӣ, беш аз 70 нуқтаи тиҷоратӣ ва хизмати маишӣ ҷойгиранд.
Майдони умумии заминҳои корами деҳоти Чоргул 3439 гетарро ташкил медиҳад, ки аз он 3357 га обӣ ва 82 га лалмӣ аст.
Деҳоти Обшорон
Санаи таъсисёбӣ: соли 1934.
Масоҳат: 15366 гектар.
Аҳолӣ: зиёда аз 33500 нафар.
Марказ: деҳаи Даштобод.
Аз 12 деҳа: Даштобод, Парчасой, Оли Сомон, Қайнама, Санҷитак, Анористон, Қашқараҳа, Тағойобод-1, Тағойобод-2, Оби Мукӣ, Деҳқонобод ва Қирғизобод иборат аст.
Заминҳои корами деҳоти мазкур 3778 га (аз он корами обӣ: 3078 га), чарогоҳҳо 9078 га ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ зиёда аз 780 га мебошад, ки аз он хоҷагии таълимӣ таҷрибавӣ ва 390 хоҷагии деҳқонӣ истифода мебаранд. Масоҳати умумии боғу токзори деҳоти Обшорон 450 гектарро ташкил медиҳад, ки 256 гектари он дар зарфи 25 соли охир бунё ёфтаааст. Нақби обгузари Бойғозӣ-Ёвон аз зери қаторкуҳи Қаратоғ гузашта аз деҳаи Парчасойи деҳоти мазкур баромадааст.
Фермаи ширию молии “Файзи Ёвон”, ки дар ҳудуди деҳоти мазкур ҷойгир аст, алҳол 900 сар чорвои калон (аз он 300 сар говҳои хушзоти ширдеҳ)-ро парвариш менамояд. Мавриди зикр аст, ки аз ин ферма ҳамарӯза наздики 3 тонна шир ба корхонаи коркарди шири ноҳия ва шаҳри Душанбе бароварда мешавад.
Деҳоти Обшорон 10 муассисаи таҳсилоти умумӣ (№№ 31, 4, 23, 3, 24, 26, 25, 32, ) 11 муассисаи тандурустӣ (1 беморхонаи минтақавӣ, 3 маркази саломатӣ ва 6 бунгоҳи тиббӣ) дорад.
Деҳоти Норин
Санаи таъсисёбӣ: соли 1934.
Масоҳат: 9380 гектар.
Аҳолӣ: зиёда аз 23300 нафар.
Марказ: деҳаи Зафар.
Аз деҳаҳои Зафар, Бош Қайнар, Баҳор, Оби Шифо, Пахтакор, Наврӯз, Якуми Май, Оқсанглох ва Мингчинор иборат аст.
Ин ҷо 9 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 11 муассисаи тандурустӣ (1 беморхонаи минтақавӣ, 4 маркази саломатӣ ва 6 бунгоҳи тиббӣ) фаъолият доранд.
Деҳоти Норин 4468 га замини корам, аз он 3723 га замини обӣ дорад, ки аз онҳо 658 хоҷагии деҳқонӣ истифода мебаранд. Масоҳати боғоту токзор 271 гектарро ташкил медиҳад.
Деҳоти Ситораи Сурх
Санаи таъсисёбӣ: соли 1977.
Масоҳат: 13100 гектар.
Аҳолӣ: зиёда аз 22100 нафар.
Марказ: деҳаи Рӯдакӣ.
Аз 11 деҳа: Деҳқонобод, Меҳнатобод, Калфи Сабад, Навобод, Зафаробод, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Пахтакор, Фурқат, Чӯпонобод ва Саргаҳ иборат аст.
Деҳоти мазкур 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (№№27, 29, 32, 33, 35, 37, 38, 40), 11 муассисаи тандурустӣ (2 маркази саломатӣва 9 бунгоҳи тиббӣ), 3 китобхона ва 1 Кохи фарҳанг дорад.
Миқдори заминҳои обии деҳот 3358 га ва заминҳои лалмию чарогоҳҳои он 7000 гектарро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 458 хоҷагии деҳқонӣ ва 48 хоҷагии ёрисасон фаъолият доранд.