Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 4 October 2019
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз!

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани забони давлатиро нишони фарҳангдорӣ ва маърифатнокии ҳар як шахс маънидод карда, зикр намуданд, ки: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва Забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ гардем».  

Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ ҳамчун мероси бузурги ниёгони некноми мо, ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Таърих исбот намудааст, ки ҳастии миллат ба ҳастии забони ӯ вобастааст ва ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегарданд.

Забони мо воситаи муқтадири сарҷамъии миллати мо ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.

Ҳоло шароити истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ аз ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст, махсусан, устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ  тақозо  менамояд,  ки  забони  тоҷикиро  ҳамчун  забони  дорои  таърих ва осори беназир аз вожаҳои зиёди иқтибосӣ, ки имрӯз тавассути технологияҳои навин ва молу маҳсулоти хориҷӣ ба тамоми забонҳо ворид шуда истодаанд, ҳифз намоянд ва дар поку беолоиш нигоҳ доштану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.

Зеро ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ боиси маҳдуд гардидани муҳиту майдони истифодаи калимаҳои худӣ, камранг шудани симои миллии забони давлатии мо ва коҳиш ёфтани фасоҳату балоғати он мегардад. Дар баробари ин, хеле зарур аст, ки бо пешрафти илму технология забон низ бояд рушд кунад.

Яъне забони давлатӣ бо ҳифзи асолат ва чеҳраи миллии худ бояд ҳамқадами замони муосир бошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Суннатҳои ниёгон, аз ҷумла фарҳанги миллӣ, забон ва либоси миллӣ, инчунин, номгузорӣ ба фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд ва имрӯз мову шумо вазифадорем, ки дар ҳифзу нигаҳдошти онҳо бевосита саҳмгузор бошем.

Сайқал додани фарҳанги муошират бо забони давлатӣ, аз ҳар гуна унсурҳои номақбул поку бегазанд нигоҳ доштани он, инчунин, дар қалбу зеҳни наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ва доимии ҳар шахси соҳибватан мебошад.

Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки ниёгони хирадманду фарҳангдӯсти мо забони модарии хешро ҳамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ ва нангу номуси худ ҳифз карда омадаанд. Шароити муосири бархӯрди тамаддунҳо ва омезиши фарҳангҳои гуногун моро вазифадор мекунад, ки дар баробари ифтихор доштан аз гузаштагони маорифпарварамон, баҳри рушду тавсеаи забони бойу пурғановати худ бештар саъю талош варзем.

 

Ҳамдиёрони муҳтарам!

Басо рамзист, ки Рӯзи забони давлатӣ бо Рӯзи омӯзгорон баробар меояд. Зеро омӯзгорон дар ҳама давру замонҳо такмилдиҳандаи забон буда, барои поку бегазанд нигоҳ доштани он саҳми арзанда мегузоранд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, омӯзгорони гиромиро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон, ки имсол ба 6уми октябр рост омадааст, табрик ва муборакбод гуфта, ба онҳо сиҳатии комил, саодати рӯзгор ва дар кори муқаддасу пурмасъулияташон ба онҳо комёбиҳои тоза таманно менамоям.

Воқеан, соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноку калидӣ дар амри эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба камол расонидани насли ояндасоз нақши бориз дорад. Ҳамин аст, ки рушди маориф ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад ва бо мақсади рушди бонизоми он пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.

Айни замон дар 84 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳияи мо зиёда аз 2500 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбия машғуланд, ки 1290 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз дар чор муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии ноҳия коллеҷҳои технологӣфармасевтӣ ва тиббӣ, литсейҳои касбии техникӣ низ садҳо нафар устодону шогирдон ба кори таълим ва донишандӯзӣ шуғл меварзанд.

Мақсад аз овардани ин рақамҳо дар он аст, ки имрӯз соҳаи маориф ҳамчун яке аз калонтарин соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия метавонад бо таъмини босифати рисолати худ дар рушду тараққии ояндаи диёр ҳиссаи сазовор гузорад. 

 

Омӯзгорони муҳтарам!

Пешрафту тараққиёти илму техника ва ҷаҳонишавии тамаддунҳо дар ҷаҳони муосир муносибатҳои нав ба нав ва пешгӯинашавандаро ба вуҷуд оварда истодааст ва ин раванд аз хонандагони имрӯза донишҳои мукаммал, ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти зиёдро талаб мекунад.

Тарбияи шоистаи шогирдон ва  пешравии ҷомеа аз шумо, омӯзгорони гиромӣ, интизоми намунавии корӣ, донишу таҷриба, одоби муошират ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро тақозо мекунад, ки дар адои ин кори пуршараф мо ба онҳо муваффақият мехоҳем.

Воқеан, мактаб ҳамчун даргоҳи таълиму тарбия дар тарбияи наслҳои ояндасоз ва ба камол расонидани фарзандони шоистаи даврон нақши калидӣ дорад. Омӯзгорон,  ки рисолати муқаддаси покдории забон бар дӯши онҳост, метавонанд дар ниҳоди кӯдакону наврасон меҳри лафзи модариро парвариш намуда, барои ба забони гуфтугӯ табдил ёфтани забони адабии тоҷикӣ саҳми беандоза бузург гузоранд. Зеро рушду пойдории забон ҳамон вақте таъмин мегардад, ки забони адабӣ ба забони гуфтугӯӣ наздик шавад.

Бо назардошти ҳамин нукта, агар ҳар як хизматчии давлатӣ, устоду омӯзгор ва ҳар нафаре, ки худро вориси фарҳанг ва тамаддуни оламгири тоҷикӣ медонад, бояд кӯшиш намояд, ки дар гуфтори худ меъёрҳои забони адабиро риоя намуда, барои ба забони омма табдил ёфтани он саҳмгузор бошад.   

Итминони комил дорам, ки омӯзгорони мо, инчунин, ҳама кормандони сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ, роҳбарон ва коргузорони ташкилоту муассисаҳо ва умумуман ҳар касе, ки худро ватандор медонад ва арзишу суннатҳои миллӣ барояш муқаддасанд, барои соҳиби сазовор, вориси бонангу ор ва посдори забони модарӣ будан самимона саъю талош меварзад.

Бо ҳамин таманно, ҳамаи шумо, ҳамдиёрон ва ҳозирини гиромиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини ноҳия хонаободӣ ва ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, умри ҷовидон орзу менамоям.

Саодатманд ва пирӯз бошед!