Ҳурмати пирон намудан хислати шоиста аст.
И.в. Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ., раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Сафархолов Қ. ва чанд нафар аз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба аёдати иштирокчиёни ҶБВ Қаландаров Раҳмат (деҳаи Навободи деҳоти Ситораи Сурх), Дарвешов Хуҷа (деҳаи Озодии деҳоти Ҳ.Ҳусейнов), Қаҳҳоров Абдулҳақ (деҳаи Оби Мукии деҳоти Обшорон), Маҳмадсаидов Қодир (деҳаи Ҳамзаи шаҳраки Ҳаёти Нав) ва заҳматкаши ақибгоҳ Ҳайитов Бобољон (деҳаи Оби Мукии деҳоти Обшорон) рафта, бо ҳар яки онҳо чанд лаҳза суҳбати гарму самимӣ оростанд .
Қобили зикр аст, ки нафарони мазкур даврони наврасию ҷавонии худро ба ҳифзи Ватан бахшидаанд ва аз ҳамин нуқтаи назар, месазад, ки кору пайкор ва ҷасорату корнамоиҳои онҳо мудом қадрдонӣ карда шавад.