СОҲИБКОРОН НЕРУИ ТАВОНОИ ПЕШБАРАНДААНД.

  • Posted on: 21 January 2023
  • By: korbar

20.01.2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ бо соҳибкорони ноҳия баргузор гардид, ки ҳадафи он вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ буд.

Раиси ноҳия саҳми соҳибкоронро дар рушди ҷомеа ва ободонии диёр бориз арзёбӣ намуда, барои бунёди иншооти зиёди таъиноти гуногун дар доираи омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи зарӯрӣ истиқбол намудани ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба онҳо изҳори сипос намуд.

Зимни суханронии раиси ноҳия зикр карда шуд, ки “Фаъолияти пурсамари корхонаҳо ва субъектҳои соҳибкории «Моҳир семент», «Ғаюр семент», «Ваҳдат», «Криолит», «Истиқлолият-25», «Файзи гач», «Мурғи беҳамто», «Ёсини Ёвон» «Кипарис-2010» ва чандин соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла Баҳриддин Ҷурахонов, Акбар Асадулло, Илҳом Мирзоев, Шералӣ Тағоев, Мухторхуҷа Қоризода, Исмат Гадоев ва дигарон дар пешрафту ободонии ноҳия хеле назаррас аст.”

Иштироки соҳибкорон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ низ лоиқи таҳсин аст.

 

Муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки бо бунёди истиқоматгоҳҳои бисёрқабата, боғҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти хуштарҳу замонавӣ дар ободу зебо гардонидани маркази ноҳия саҳм бигиранд.

Дар охир раиси ноҳия ба саволҳои соҳибкорон ҷавобҳои мушаххас дода, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои судманди мақомоти иҷроия ва соҳибкорони боору номуси ноҳия боиси рушду нумӯи бештари ноҳия хоҳанд гашт.

 

Муовини соҳавии раиси ноҳия Раҷабзода Алишер ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки ҳамкориро бо соҳибкорон зичтар намуда, барои ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ҳамаҷониба мусоидат кунанд.

Ин ҳамоиши соҳибкорони ватандӯсти ноҳия шаҳодати он аст, ки ин нерӯи тавоно сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро содиқона ҷонибдорӣ намуда, омодаанд, ки бо пешниҳоди идеяҳои созанда, бо вусъат бахшидани тадбирҳои ободонӣ тараққиёти бонизоми диёри худ, яъне як гӯшаи Тоҷикистони азизро таъмин намоянд ва бо ин васила дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузоранд.