МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

  • Posted on: 17 January 2023
  • By: korbar

17.01.2023 бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, сармутахассиси маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ Гулмаҳмадзода Зафар ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Гулмуродзода Қумринисо дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон баргузор гардид.

Дар маҷлис 7 масъалаи зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1. Дар бораи ворид намудани тағийрот ба ҳайати Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон.

2. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023.

3. Дар бораи таҳлили фаъолияти Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон.

4. Тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон барои соли 2023.

6. Дар бораи тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар семоҳаи чоруми соли 2022.

7. Масъалаҳои ташкилӣ.

 

Дар оғоз, собиқ раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ., бинобар сабаби аз вазифа рафтанаш аз узвияти Раёсат ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бароварда, ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода ба узвияти Раёсат ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон интихоб карда шуд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматулллоев М. аъзоёни ҳизб ба ин муносибат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвонро табрик гуфтанд.   

Зимни баррасии масъалаи дуюм раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматулллоев М. суханронӣ карда, зикр намуд, ки дар давоми соли сипаригашта раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳия ва аъзоёни ин ҳизби мардумӣ баҳри амалисозии барномаҳои ҳизбӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардиданд. Айни замон сафи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи мо ба 7853 нафар расидааст, ки ин аз як неруи созанда будани мо шаҳодат медиҳад. Қобили зикр аст, ки ҷавонон қисмати асосии ҳизбиёни ноҳияро ташкил медиҳанд ва саҳми онҳо дар иҷрои ҳадафҳои барномавии ҳизб назаррас мебошад. Аксияҳои иттилоотӣ, суҳбату вохӯриҳо, алалхусус, суҳбатҳои сайёр ва сарироҳие, ки аъзоёни Кумитаи иҷроия дар соли гузашта дар ҳама деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия баргузор карданд, шаҳодат аз он медиҳанд, ки ғояҳои бунёдкоронаи ҳизби мо рӯз то рӯз мардумӣ мешаванд. Моро лозим аст, ки чунин тадбирандешиҳоро дар соли ҷорӣ идома дода, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба боварии роҳбарияти ҲХДТ сазовор будани худро собит намоем.

Пас аз ироаи маърӯза раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ғаюр” Иззатов Субҳиддин (директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон), раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки Ёвон Ашурзода Нигина, раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати Ситораи Сурх Солиҳом Маҳмалрасул ба музокира баромада, дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии худ маълумот доданд.

Ҳамчунин, дар баррасии ин масъала сармутахассиси маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ Гулмаҳмадзода З., муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Гулмуродзода Қ. ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода андешаронӣ карда, нақши арзандаи ҲХДТ-ро тар таъмини сулҳу субот ва рушду ободонии ҷомеа қайд карданд. иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Б. М. аз ҷумла зикр намуданд, ки фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ он вақт самаранок мегардад, ки дар он ҳисси масъулиятпазирӣ ва ташаббускории ҳар як шахси масъул эҳсос карда шавад. Дар ин робита мо бояд дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизб, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, пешрафти кишвари Ватани худро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор диҳем.

Фаъолияти Гурӯҳи вакилии аъзои ҲХДТ дар давоми соли 2022 дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон қаноатмандкунанда арзёбӣ карда шуд.

Дар маҷлис, ҳамчунин, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ ва Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон барои соли 2023 тасдиқ карда шуданд.

 

Дар поёни маҷлис ба аъзоёни навқабулшудаи ҳизб шаҳодатномаҳои ҲХДТ ва ба як қатор аъзоёни фаъоли ҳизб сипосномаҳо тақдим карда шуд.