Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 23 November 2022
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи кишвари азизамон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор  аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми сокинони сарбаланди ноҳияро табрик гуфта, орзумандам, ки дар фазои Ватани маҳбубамон Парчами давлати мо бо шуълаи офтоби Истиқлолият то абад шуълавар бошад.

Қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатӣ ҳамчун иқдоми олии ватандӯстона ба оини давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшида, мардуми Тоҷикистон ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Парчам яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ҳисси баланди ифтихор аз Ватани маҳбуби хеш таҷлил менамоянд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ ҳамаи шумо ҳамдиёрони азиз ва дар симои шумо тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро табрик гуфта, орзумандам, ки Парчами давлатиямон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши Парчами давлатӣ дар муаррифии халқи соҳибтамаддуну кӯҳанбунёди тоҷик ва давлату миллат ҳамчун саромади посдорандагони муқаддасоти миллии тоҷикон борҳо таъкид намудаанд, ки “Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳуввияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу ори ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Воқеан, Парчами давлатӣ нишони соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, ифодакунандаи таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвари кишварро водор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷгузор бошад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Парчами давлатӣ яке аз муҳимтарин омилҳои муайянкунандаи ҳуввияти миллӣ, таҳкимбахши ифтихори ватнадорӣ дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа ба шумор рафта, дар марҳалаҳои душвори бунёди давлати соҳибистиқлоламон, таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат неруҳои ба халқу Ватан содиқи миллат зери парфишонии он сарҷамъ гардида, ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ асос гузоштанд.

Дар шароити имрӯза, ки тағйироту таҳаввулоти ғайриинтизори ҷаҳони муосир ва бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳон ба вусъат ёфтани хатару таҳдидҳои нав ва тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шароит фароҳам меоварад, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, давлату давлатдорӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамон Тоҷикистон беш аз пеш аҳамият пайдо менамояд. Аз ҳамин лиҳоз ҳар як нафари мо, махсусан ҷавононро зарур аст, ки таҳти сиёсати ояндабинона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва парфишонии Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, арзишҳои давлату миллат ва дастовардҳои даврони истиқлоламонро сарбаландона ҳифз намоем.

Парчам дар ҳама давру замон рамзи муқаддаси давлати миллӣ дониста мешавад.

Ин рамзи давлатӣ нишони сари баланди мо буда, симои мардуми тамаддунсозамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Ботаъкид иброз медорам, ки тоҷикон аз давраи бостон бо эҷоди илму фарҳанг дар ақсои олам шуҳратёр буданд. Тамаддуни парчамдорӣ, ки реша дар гузаштаҳои дури фаротаърихӣ дорад барои миллати тамаддунофару соҳибэҳтироми тоҷик аз замони шоҳони Каёнӣ оғоз ёфта, ҳамчун рамзи муқаддасоти давлатдорӣ шинохта шудааст.

Парчами Кова, ки рамзи муттаҳидии мардум буд, то имрӯз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, сол то сол қадру манзалати он зиёда мегардад. Бо гузашти солҳо парчами эҷоднамудаи Коваи оҳангар ҳамчун рамзи давлатдорӣ эътироф шуда, дар ҳамаи ҳамоишу анҷуманҳо, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ парафшонӣ менамуд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Парчами давлатии мо дар ҳар гӯшае баёнгари мавҷудияти миллату давлат аст. Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, Парчами мо партавафшонӣ мекунад.

Эҳтиром ба Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.

Дар тӯли таърих халқи тамаддунсолори тоҷик вобаста ба ҳадаф ва мақсадҳои сиёсатҳо, муборизаю таҳдидҳои бегонагон ҳеҷ гоҳ парчами худро аз даст надода, онро ҳамчун муқаддасоти олӣ, нишонаи шараф, номус ва ғурури миллат ҳифз намудааст.

 

Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми кишвар 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ нахустин бор ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.

Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Ҳар як фарзанди вафодор ва бонангу номус ҳастии халқ ва ҷовидонагии давлатдории хешро маҳз дар Парчами миллӣ эҳсос карда, таҳти парафшонии он Ватани худро ҳифз менамояд ва ба сӯи ояндаи дурахшон роҳ мекушояд.

Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз омилҳои болоравии ҳувияти миллӣ ва дарки худшиносӣ, эҳтиром ба забону фарҳанг мебошад, ин санаи фархундаро ба тамоми мардуми сарбаланду бовиқори ноҳияи Ёвон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон хуррамиву осоиштагӣ ва рӯзгори пурфайзу эҳсон орзу менамоям.

Бигзор, Парчами давлатии мо, ҳамеша моро ба сӯйи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот ва зиндагии шоиста раҳнамо гардад ва дар фазои Тоҷикистон ҷилвагар бошад.

 

Саломату саодатманд ва мисли Парчами давлатӣ сарбаланд бошед!