Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 17 November 2022
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо мардуми саодатёру сарбаланди тоҷик таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум ва Рӯзи Президентро бо як суруру шодмонӣ ва ғурури миллӣ таҷлил намуда истодаанд.

Ба муносибати ин санаҳои фархунда бо ифтихор ва шукргузорӣ аз фазои ороми Ватани азизамон ҳамаи шумо ҳамдиёрони гиромиро самимона табрик ва муборакбод намуда, ба хонадони шумо файзу баракат, сиҳату саломатӣ, тинҷию осудагӣ, хотирҷамъӣ ва иқболи баландро орзӯ менамоям.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Хизматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки халқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол, алалхусус сокинони шарафманди ноҳияи Ёвон имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ба Сарвари худ ҳамчун Рӯзи Президент бо фараҳу шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Ҷаласаи қисмат- Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 1992, ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гашт, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Пас аз интихоб гардиданашон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати ахтаре дар шаби тору ноумедӣ пайроҳаи умедро равшан сохт, мардумро бо муҳаббати худ дар айёми дилсардиҳо ба зиндагӣ дилгарм кард ва дар нобарориҳо неру бахшид.

Маҳз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлатро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор кард.

Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзона фарзанди миллат дар арсаи сиёсат ва давлатдории муосир нақши калидӣ дорад. Маҳз сиёсати дурандешона ва ботадбиронаи Роҳбари давлат буд, ки ислоҳои амиқи иқтисодию иҷтимоӣ густариш ёфта, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз  бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар  ва саноатикунонии босуръати мамлакат  ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуд.

Интихоб шудан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.

Бо сиёсати дурандешонаи худ Пешвои миллат мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонида, аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба халқ муроҷиат карда, баён доштанд, ки «Ман ба ҳар яки шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, баҳри гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраҳои мушкил ҳалқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайвастанд, миллати азияткашидаро аз вартаи нобудӣ ба раҳоӣ бахшида, як давлати соҳибистиқлолу воҳидро эъмор карданд ва барои Тоҷикистони маҳбуб худ девору қалъа гардиданд.

Роҳбари давлат дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш ва сохтори фалаҷгардидаи тамоми шохаҳои ҳокимиятро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонда, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ сохтанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон Пешвои миллатро дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти вай ошноӣ доранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, комилан мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтаанд.

Баҳри тақвияти худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ тавонистанд, ки бо барномарезиҳои ҳадафманд хотираи таърихии миллатро эҳё ва барқарор намоянд.

Барои амалӣ гардидани ин ҳадаф, бо супориши бевоситаи Роҳбари давлат симои як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, ки Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҳамчунин, чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур барои хидматҳои бузургашон унвони олитарин «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуданд.

Обрӯю эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Арбори барҷастаи сиёсию давлатӣ на танҳо дар миёни халқи Тоҷикистон дахлнопазир аст, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам ӯро ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору тавоно, бунёдгузор ва кафили сулҳу салоҳ дар минтақа шинохта, эътироф ва арҷгузорӣ мекунанд. Боиси ифтихор ва хушнудист, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи байналмилалӣ Пешвои асри 21 эълон гардидани роҳбари давлати Тоҷикистон далели возеҳи шахсияти мондагори сатҳи ҷаҳонӣ будани Пешвои миллат аст.

Ин аст, ки ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 160 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ ва 140 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи беш аз 40 созмони байналмилалӣ мебошад.

Сиёсати хориҷии кишвари мо таҳти роҳбарии ин абармарди арсаи сиёсат ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Маҳз бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи умумии Соозмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005–2015-ро «Даҳсолаи байналмилалии амали-ёти «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028-ро “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди усувор” эълон намуд.

Имрӯз мардуми кишвар ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.

Пешвои миллат будан як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳидии тамоми мардум ба ҷой овардаанд.

Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва комилан табиӣ будани Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо умеди он ки Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушду тараққиёт ҳамеша собитқадам бимонад, бори дигар Рӯзи Президент ва 30-юмин солагрди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо муборакбод гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод, сиҳату сарбаландӣ ва орому осудагии абадиро орзу менамоям.

Саломату саодатманд бошед!