КОСТИТУТСИЯ ҲОМИИ АРЗИШҲОИ ИНСОН ВА САРЧАШМАИ БАХТИЁРӢ

  • Posted on: 5 November 2022
  • By: korbar

04.11.2022. Ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар Кохи фарҳанги ба номи Т. Хушвахтов ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

    Ҷамъомадро Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, табрикоти хешро ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расонид.

   Дар идома роҷеъ ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таърихии ин санади тақдирсоз, нақши Конститутсия дар таъмини сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар, Конститутсия - сарчашмаи қонунгузории миллӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, зарурати гузаронидани тағйиру иловаҳо ба ин санади олии ҳуқуқӣ ва баргузории ислоҳоти конуститутсионӣ раиси Суди ноҳия Абдуллозода Ҷамолиддин баромад карданд.

   Дар идома гуфта шуд, ки «Миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад».

       Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми ватану истиқлол, ки аз ҷониби ҳунармандони ҷавону умедбахш таҳия гардида буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.