Сегодня в рамках рабочей поездки в Пянджский район Хатлонской области Основатель мира и национального...
ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО ДАР ШАҲРАКИ ЁВОН.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллӣ рӯзи 26 октябри соли 2020 азнавсозии роҳҳои мошингарди маркази ноҳия шурӯъ гардид.
Дар навбати аввал бо саҳми корхонаи “Моҳир семент” (роҳбараш Баҳриддин Ҷурахонов) 2,1 км роҳҳои кӯчаҳои Кароматуллоҳ Қурбонов ва Мирзо Турсунзода мумфарш карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон бо ташаббуси Б.Ҷурахонов наздики 10 км роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия таъмиру азнавсозӣ шуда, алҳол дар назди муассисаи таҳсилотии №72 як бинои иловагии таълимӣ, инчунин, дар шаҳри Душанбе як муассисаи таълимии ҳозиразамони панҷошёна, бо 1240 ҷои нишаст бунёд гардида истодааст. Ҳамчунин, ин соҳибкори саховатманд соли ҷорӣ барои донишҷӯёни ниёзманд 365000 сомонӣ ва барои ятимону бепарасторон 53000 сомонӣ кумакҳои пулӣ расонидааст.
Мумфаршкунии роҳҳои шаҳраки Ёвон бомаром идома дорад. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик бо иқдоми соҳибкори дигари бунёдкор Акбар Асадулло азнавсозии роҳҳои кӯчаи Меҳвар оғоз карда шавад.