Сегодня в рамках рабочей поездки в Пянджский район Хатлонской области Основатель мира и национального...
Ҷавонон сарбози Артиши миллӣ мешаванд.
То бихобад миллате осуда андар хоби ноз, Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.
02.10.2020 дар Боғи “Фароғат”-и шаҳраки Ёвон маросими гусели ихтиёриён ба сафҳои Қувваҳаҳои Мусаллаҳи ҶТ баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро. иқдоми сарбозони ояндаи Ватанро шоистаи таҳсин хонда, зимни суханронии хеш аз ҷумла гуфт: “Ҷавононе, ки ҳоло бо эҳсоси шуълавари муҳаббати зодгоҳ дар ин майдон ҷамъ омадаанд, аз ҷумлаи ҷавонони ҷасоратманди ноҳияи Ёвон мебошанд, ки даъвати Ватани худро ба ҷону дил пазируфта хизмати ҳарбиро ихтиёр кардаанд. Иқдоми шоистаи ин ҷавонони далер умеду бовариро ба қудрати тавонои Тоҷикистони азизамон бештар намуда, боиси таҳкиму тақвияти сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини муқаддаси мо мегардад. Ғайрату шуҷоати ин ҷавонон бояд намунаи ибрати ҳар як фарди соҳибватан бошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи даъвати тирамоҳии ҷавонон барои дар назди Ташкилоти ҷамъи-ятии мададгори мудофиа таҳсил намудан ва соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гаштани 140 нафар ҷавонон саҳмгузорӣ намуд, ки як қисмати онҳо имрӯз ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд.
Падару модарони азиз, волидони сарбозони ояндаи Ватан! Аз ҳамин лаҳзаҳо оғоз карда, фарзандони шумо ба мактаби мардонагиву ҷасоратмандӣ шомил гардида, сабақи ҷавонмардӣ меомӯзанд ва бо ин амали шоистаи худ шаъну шарафи шумо ва кишвари худро ҳимоят мекунанд. Боварии комил дорем, ки фарзандони шумо бо сари баланд, сабру матонат ва ғайрату ҷасорат хизмати Ватан-модарро адо намуда, пас аз ду сол бо симои баҳодурона ва қуввату нерӯи тоза ба наздатон баргарданд ва аз ҳиммати онҳо на танҳо хонадони шумо, балки диёри азизамон боз ҳам ободу зеботар мешавад.
Сарбозони ояндаи Ватан, ҷавонони далери диёр! Боварӣ дорам, ки шумо ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ бо рафтору кирдор, иродаи қавӣ ва ҷавонмардии худ обрӯю эътибори падару модар ва ноҳияи худро баланд бардошта, барои афзун гардидани қудрату тавоноии Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзанда мегузоред”. Волидоне, ки ду ва зиёда писарони онҳо дар сафҳои Артиши миллӣ хизмат мекунанд, барои тарбияи шоистаи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, бо сипосномаҳои раиси ноҳияи Ёвон қадрдонӣ карда шуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ ба даъватшавандаҳое, ки ба таври ройгон дар курсҳои ронандагии назди Ташкилоти мададгори мудофиа ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳсил кардаанд, шаҳодатномаҳо супорида шуд. Ҳунарнамоии санъаткорони Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов ҳусни мақтаи чорабинии Рӯзи даъватшаванда гардид. Ҳамоиши пуршукӯҳи ҷавонони ноҳияи Ёвон гувоҳи он буд, ки онҳо хизмат ба Ватан ва гузаштан аз мактаби мардонагиро барои худ мояи шараф ва ифтихор медонанд.