ДАР НОҲИЯИ ЁВОН РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА БО ШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Дар ноҳияи Ёвон ба муносибати Рӯзи даъватшаванда ва гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ ба муносибати ин рӯзи фархунда аз назди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон то майдони Боғи Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ роҳпаймоии идонаи ҷавонони даъватшаванда ва наваскарон баргузор гардид. Ҷавонони ватандӯст бо шиорҳои ифодагари муҳаббат ба Ватан, садоқат ба Модар-Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ, бо қадамҳои устувору ҷавонмардона ба макони баргузории чорабинии тантанавӣ раҳсипор гардиданд.

Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин, муовини якуми Комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, генерал-майор Мирзозода Давлат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, падару модарон, даъватшавандагон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва афзун намудани иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Модар-Ватан мебошад.

Раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин зимни суханронӣ ҷавонони даъватшавандаро ба муносибати ин рӯйдоди муҳим табрик намуда, иброз дошт, ки хизмати содиқона дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони ватандӯст мактаби обутоби ирода, ҷавонмардӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Ҳамчунин, муовини якуми Комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, генерал-майор Мирзозода Давлат, падару модарон ва ҷавонони даъватшавандаро табрик намуда, ба наваскарон дар роҳи адои хизмати ҳарбӣ барору комёбӣ ва матонату устуворӣ орзу кард.

Дар идомаи чорабинӣ модари сарбози ихтиёрӣ Ҳаётова Санавбар, падари сарбози ихтиёрӣ Раҷабзода Файзиддин ва даъватшаванда Умирзоқов Ҷӯрабек баромад намуда, оид ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ андешаронӣ карданд.

Ҳамзамон, барои гусели наваскарон сархатиби ноҳияи Ёвон Раҷабов Эмомиддин суханронӣ намуда, ба ҷавонон хизмати бобарор ва бозгашти сарбаландона ба назди падару модаронро таманно намуд.

Дар доираи чорабинӣ ба ҷавононе, ки дар курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагии назди «Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа» дар ноҳия таҳсил намудаанд, шаҳодатномаҳо тақдим карда шуданд.

Яке аз лаҳзаҳои таъсирбахши чорабинӣ гусели наваскарон бо риояи суннати неки мардуми тоҷик — дуои хайр, нону намак ва меҳри модарона буд. Модарони арҷманд фарзандони худро бо орзӯи хизмати содиқона, сарбаландӣ ва бозгашти сиҳату саломат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонони ватандӯсту худшинос ва омода намудани онҳо ба ҳифзи Ватан масъулияти муштараки давлат, ҷомеа ва оила мебошад. Ҷавонони ноҳияи Ёвон низ бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ, нангу номуси ҷавонмардӣ ва садоқат ба Модар-Ватан ба адои хизмати ҳарбӣ раҳсипор гардиданд.

Хизмати содиқона ба Ватан — шарафи ҷавонмардӣ ва мактаби бузурги ватандӯстист!

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.