КОРРУПСИЯ — ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ОН КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ
Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, ба волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ё сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ набуда, масъулияти муштараки тамоми ҷомеа — давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ ва решакан намудани омилҳои коррупсионӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Тақвияти волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини шаффофият ва масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи заминаҳои муҳими пешгирии ин падидаи номатлуб ба ҳисоб мераванд.
Коррупсия пеш аз ҳама эътимодро заиф месозад. Ҳар амали коррупсионӣ метавонад ба манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқи дигарон халал расонида, ба рушди устувори ҷомеа монеа эҷод намояд. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия бояд на танҳо дар сатҳи чораҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамчун фарҳанги зиндагӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаккул ёбад.
Дар ин раванд фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд ба принсипҳои қонуният, адолат, шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва масъулияти хизматӣ асос ёбад. Хизматчии давлатӣ бояд дарк намояд, ки мансаб пеш аз ҳама масъулият дар назди давлат ва ҷомеа буда, ҳар тасмими ӯ бояд ба манфиатҳои мардум ва талаботи қонун мутобиқат дошта бошад.
Муборизаи самаранок бо коррупсия аз оила ва муассисаҳои таълимӣ оғоз ёфта, дар муҳити корӣ ва тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ идома меёбад. Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, қонунмадорӣ, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз роҳҳои муҳими ташаккули ҷомеаи солим ва муқовимат ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ мебошад.
Дар ноҳияи Ёвон низ пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таъмини иҷрои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ бояд ҳамчун вазифаи доимӣ ва афзалиятнок баррасӣ гардад. Ҳар як роҳбар ва корманди мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо вазифадор аст, ки бо фаъолияти софдилона, масъулиятшиносӣ ва риояи қатъии қонун ба таҳкими эътимоди мардум саҳм гузорад.
Имрӯз ҷомеа ба муносибати нав — муносибати масъулиятнок ва оштинопазир ба коррупсия ниёз дорад. Дар ин мубориза бетарафӣ низ метавонад заминаи густариши зуҳуроти номатлуб гардад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд дар доираи қонун ва бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ба пешгирии коррупсия саҳмгузор бошад.
Зеро коррупсия танҳо бо қувваи як сохтор аз байн намеравад. Муборизаи воқеӣ ва натиҷабахш бар зидди он танҳо дар сурати муттаҳидии иродаи давлат ва ҷомеа, масъулияти ҳар як шахс ва волоияти бебозгашти қонун имконпазир мегардад.
Ҷомеаи бе коррупсия — ҷомеаи адолатпарвар, қонунмеҳвар ва дорои эътимоди устувори шаҳрвандон ба давлат аст. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия на танҳо мубориза бо як падидаи ҳуқуқӣ, балки саҳмгузорӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар мебошад.

