Ғамхорӣ ба ятимон ва дастгирии насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Зеро қудрату устувории давлат танҳо дар рушди иқтисоду сохтмони иншоот нест, балки пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки фарзандони миллат — бахусус кӯдакони ятим — худро дар оғӯши Ватан танҳо эҳсос накунанд.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сиёсати инсонпарварона ва дурбинонаи Пешвои миллат барои таълиму тарбия, зиндагии шоиста ва ояндаи созандаи ҳар як кӯдак шароити зарурӣ фароҳам меорад.

Бо амалисозии ҳамин ҳадафҳои наҷибу инсондӯстона имрӯз, 14 сентябри соли ҷорӣ раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар Маҷмааи хизматрасонии “Ҳафтавранг” бо таълимгирандагони Муассисаи давлатии Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Раиси ноҳия таълимгирандагонро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, онҳоро ба донишомӯзӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, риояи одобу ахлоқи ҳамида ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят намуд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии кӯдакони ятим, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва ғамхорӣ ба насли наврас ҷойгоҳи муҳим дорад.

Таълимгирандагони ин боргоҳи умед дар навбати худ иброз доштанд, ки барои мо, фарзандони ятим, чунин мулоқотҳо танҳо як чорабинии идона нестанд, балки эҳсоси гарми муҳаббати Ватан ва ғамхории давлату ҷомеаро дар қалбамон боз ҳам қавитар месозанд.

Зикр намуданд, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсилу тарбия ва зиндагии шоистаи мо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Мо, ҷавонони насли нав, ваъда медиҳем, ки бо таҳсили хуб, рафтори намунавӣ, меҳнати софдилона ва садоқат ба Ватан ҷавоби ин ғамхориҳоро хоҳем дод.

Дар идомаи чорабинӣ ба таълимгирандагон хони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.