ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН ВАЛИЗОДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН БА МУНОСИБАТИ 35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар оғози сухан бо камоли эҳтирому самимият Ҷашни пурифтихори миллат- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо табрик ва таҳният мегӯям.

Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвият додани пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи сиву панҷ соли сипаригардида дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи абармарди арсаи сиёсат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро ободу пешрафта гардониданд.

Имрӯз давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Дар ҳамин замина, бояд бо ифтихор таъкид намоям, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда мавқеи шоиста пайдо намудааст.

Имрӯз ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор, маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, дар шакли қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд. Қабули чунин ташаббусҳо далели возеҳи афзудани обрӯю нуфузи Тоҷикистон ва эътирофи нақши созандаи сиёсати хориҷии кишвар дар ҳалли масъалаҳои муҳимми глобалӣ мебошад.

Ин дастовардҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон боиси ифтихор буда, моро водор месозанд, ки бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро боз ҳам таҳким бахшем.

Агар таърихи 35-солаи даврони соҳибистиқлолии мамлакатро таҳқиқ намоем, аён мегардад, ки ин ҳама бурдбориҳо натиҷаи татбиқи сиёсати ҳадафмандона ва дурбинонаи ахтари иқболи мардуми кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ҳақиқат ҳам, Пешвои миллат дар сарнавишти мардуми Тоҷикистон ба сифати ахтарест, ки дар шаби тору ноумедӣ пайроҳаи умедро равшан намуд,  дар айёми дилсардиҳо бо муҳаббати худ мардумро ба зиндагӣ дилгарм кард ва дар нобарориҳо иқболу барор бахшид.

Ин шахсияти бузурги таърихӣ бо рафтору кирдор ва фидокориҳои камназири хеш собит намуд, ки бузургии инсон на дар қувваи бозу, балки дар устувории иродаи ӯст ва шахси қавиирода дар пешорӯи мушкилиҳо ҳаргиз сархаму ноумед нашуда, баҳри ба соҳили мурод расидан пайваста талош мекунад.

Сиву панҷ соли Истиқлолият ин 35- қадами устувори Пешвои миллат дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, шинохту эътирофи соҳибтамаддунии миллат, тақвияти эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди ватандор аст. Рисолатест, ки Роҳбари давлат тавонист онро дар назди таъриху миллат бо сари баланд иҷро намояд.

Ӯ ҳастии худро ба миллат бахшид, то миллаташ дар амон бошад, давлати миллии тоҷиконро побарҷо намуд, то тоҷик соҳибватан бошад, тамаддуни миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд, то миллат соҳибтамаддун бимонад.

Истиқлолияти давлатии кишвари мо дар давоми 35 сол возеҳан собит намуд, ки он эҳёкунандаи суннатҳои оламшумули миллат аст ва метавонад Тоҷикистонро тоҷ бар сар ниҳода, бар тахти шукӯҳу таҷаммул нишонад.

Бараъло мушоҳида мегардад, ки дар ин давра ҳар як гӯша ва ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ рушду такомул ёфта, тарҳу симои худро ба куллӣ дигар намудааст.

Ноҳияи Ёвон низ дар ин марҳилаи созандагиву бунёдкориҳо ба раванди бемисли рушд ворид шуда, ба комёбиҳои бузург ноил гардид ва ба ҳадде тараққӣ кардаву иқтидорашро афзун намуд, ки назири онро дар гузашта сокинонаш ба ёд надоранд.

Дар ҳамин ҷода махсусан бояд зикр намоям, ки 26 августи соли равон зимни сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Ёвон 18 иншооти гуногун, аз ҷумла роҳҳои автомобилгари аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Ёвон — Рӯдакӣ — Душанбе бо дарозии 31 км ва қитъаи Ёвон- Ваҳдат-  Норак бо дарозии 18 км, инчунин бунёди маҷмааи муҳташами меъморӣ — Боғи Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар баробари зебу зинат бахшидани симои меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия, дорои аҳаммияти баланди маънавию сиёсӣ мебошад ва дар қалби ҳар як сокини ноҳия, ки орзуи чандинсолаи мардуми ноҳия буд, ҷойгоҳи ҷойгоҳи хосса хоҳад дошт.

Ҳамдиёрони иззатманд!

Яке аз дастоварди муҳимтарини ноҳияи мо дар давоми 35 соли охир, ки аз файзи истиқлол муяссар гашт- ин аз ноҳияи аграрӣ- саноатӣ ба ноҳияи саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани он мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кории хеш ба ноҳияи Ёвон пайваста тазаккур медиҳанд, ки “Дар ин гӯшаи диёрамон имкониятҳои фарохи рушди соҳаи саноат мавҷуд аст ва истифодаи оқилонаи захираву имконоти мавҷуда барои пешрафти босуботи ноҳия ва кишвар шароити муносиб фароҳам меоранд”.

Воқеан ҳам, ин ҳидояти Пешвои миллат амалан татбиқ шуд ва имрӯз шаст фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи моро маҳсулоти саноатӣ ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи рушди соҳаи саноат дар ноҳия ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон баланду беҳтар гардид.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ёвон сохта ба истифода дода шудани корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, равған ва нонию қаннодӣ, корхонаҳои муқтадири “Намаки Ёвон”, “Хима Текстил”, “Хуаксин Ғаюр семент”, “Чжунгтсай Моҳир семент”, “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал”, “Криолит”, “Ваҳдат-Текстайл”, корхонаи мошинҳои бобардори “Де Банг”, фабрикаи мурғпарварии “Беҳамто”, Корхонаи парвариши чорвои хушзот истеҳсоли гӯшти хушсифати ҶДММ “Мармарӣ” қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани “Душанбе-Бохтар”, қитъаи роҳи мошингарди Ёвон — Рӯдакӣ — Душанбе ва Ёвон — Ваҳдат — Норак, муассисаҳои нави таълимию табобатӣ ва варзишӣ, боғу гулгаштҳои истироҳатӣ ва садҳо иншооти тиҷоративу хизматрасонӣ барои ободу зебо шудани тарҳу симои шаҳраку деҳот, баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия такони ҷиддӣ бахшид.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба истиқболи сазовор аз 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар давоми панҷ соли охир дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот зиёда аз 670 иншооти гуногунтаъйинот, аз ҷумла 2 иншооти истеҳсоливу саноатӣ, 28 иншооти соҳаи маориф, 39 иншооти таъмини оби нӯшокӣ, 2 муассисаи тандурустӣ, 2 иншооти варзишӣ, 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал, як бинои маъмурӣ ва 561 иншооти дигар ба соҳаҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, ободонӣ ва беҳсозии инфрасохторӣ ба маблағи зиёда 650 млн. сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар ин робита, ман аз номи худ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тамоми сокинони шарафёри ноҳияи Ёвон ба соҳибкорон, сохтмончиён ва ҳамаи он нафароне, ки дар бунёди иншооти ҷашнӣ саҳмгузорӣ кардаанд, самимона изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоям.

Дӯстони азиз!

Пешрафту шукуфоии ноҳия, тағйироти куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва болоравии сатҳи маърифати мардум аз ҷумлаи меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ноҳияи Ёвон дар радифи дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони маҳбубамон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ахтари иқболеро пайдо намуд, ки бо анвори тобноки худ роҳи ояндаи некро равшан намуда, сокинони ин диёрро саодатманд мекунад.

Дар ҳамин росто мехоҳам як нуктаро махсус зикр намоям, ки агар дар соли 2000-ум ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилии ноҳия ба 73 ҳазору 979 сомонӣ мебошад, пас дар соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия ба ба 4 млрд. 704 млн. 73 ҳазору 600 сомонӣ расонида шуд, ки ин аз рушди босуръати ноҳияи далолат медиҳад.

Имрӯзҳо, ки мардуми шарафманди кишвари мо 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатиро бо ифтихору сарфарозӣ истиқбол мегирад, ҳар фарди худшиносро зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам мустаҳкам гардидани рукнҳои ин арзиши пурқиммат, ба хотири ояндаи дурахшони миллат бо кору пайкори софдилона, бо донишу малака, бо садоқат ва ҳиссиёти шуълавари ватандӯстӣ қарзи фарзандии худро дар назди Тоҷикистони ба ҷон баробарамон шарафмандона адо намояд. 

Тазодҳои ҷаҳони имрӯза, бархӯрди тамаддунҳои мухталиф бо пайомадҳои хатарзои он ва ниҳоят вазъи сиёсии ноором дар чандин нуқтаҳои сайёра, алалхусус, кишварҳои ҳамсоя ва ховари миёна аз хурду бузурги кишвари мо беш аз ҳар вақти дигар ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандорию ватандӯстиро талаб менамояд.

Замони нав тақозо дорад, ки ҳар як марҳилаи таърихии халқу кишвар, аз ҷумла даврони эҳё ва ташаккулёбии Давлати навини миллӣ  амиқан омӯхта, дар асоси суннатҳои давлатсозии аҷдодӣ маърифати миллӣ сайқал дода шавад, зеро надонистани таърих ва мояи ибрат қарор нагирифтани таҷрибаҳои гузашта дар роҳи расидани миллат ба мақсадҳои бунёдкорона монеаҳои сангин эҷод мекунад. 

Пешвои миллати мо омӯхтани таърих ва таҷрибаҳои гузаштаро баҳри расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ шарти муҳимтарин ҳисобида, таъкид намудаанд, ки: “Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем”.

Дар ҳамин ҷо мехоҳам махсус қайд намоям, ки дар амалисозии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар самти рушди бемайлони ноҳияи Ёвон, албатта саҳми шумо- собиқадорони шарафёр ва бонангу номуси ноҳия хеле назаррас мебошад.

Ҳар як нафар аз собиқадорони меҳнати ноҳия, ки имрӯз дар ин маҷлиси тантанавӣ иштирок дорад ва қисми зиёди дигар, ки бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавонистанд, инчунин, дигар собиқадорони меҳнат, ки мутаассифона, аз байни мо абадӣ рафтанду ёду хотираашон гиромӣ бод, дар ободу зебо гаштани ноҳия заҳмати зиёд кашидаед ва албатта, саҳми босазои худро гузоштаед.

Бо истифода аз ин фурсат, иҷозат фармоед, аз номи роҳбарият ва фаъолони ноҳия ба якояки шумоён изҳори сипос ва миннатдорӣ намоям. Боварӣ дорам, ки минбаъд низ кору фаъолияти шумоён намунаи беҳтарини садоқату ҷонфидоӣ ва созандагию ободкорӣ барои тамоми мурдуми ноҳия ва алалхусус, барои ҷавонон хоҳад гашт.

Ба ҳамаи шумоён- собиқадорони меҳнат саломатии бардавом, ҳаловату ҳузури фарзандону наберагон ва истироҳати бофароғату рӯзгори хушу хурсандонаро таманно менамоям. 

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Аҳолии ноҳияи Ёвон чун дигар сокинони мамлакат иродаи матин ва қудрати бузурги созандагӣ доранд ва умед аст, ки ҳар фарди садоқат ба Ватан доштаи ин диёр дар оянда низ бо татбиқи нақшаҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам қавитар гардидани рукнҳои Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон саҳми бештар аз имрӯза хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин орзуи нек бори дигар 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам ба якояки шумо, ба аҳли хонадонатон ва ба ҳар як фарди шарафманди ноҳия муборакбод гуфта, ба Ватани биҳиштосоямон истиқлоли ҷовидона ва ба ҳар фарди шарафманди диёр бахту саодати ҳамешагӣ таманно мекунам.

35 — умин Ҷашни Истиқлоли давлатӣ

муборак бошад, ҳамидиёрони иззатманд!

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.