ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ДӮСТОНАИ НОҲИЯИ ЁВОН ВА НОҲИЯИ УЗДА

Имрӯз, 7 сентябр дар доираи сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «дарҳои кушода», ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди робитаҳои байни минтақаҳо равона гардидааст, ҳайати меҳмонон аз ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус ба ноҳияи Ёвон ташриф овард.

Меҳмонон аз ҷониби раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳузур пазируфта шуда, мулоқоту суҳбати созанда баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати роҳандозии ташаббусҳои нави муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстона миёни ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус таърихи беш аз даҳсола дошта, 24 майи соли 2014 миёни ҷонибҳо Созишномаи ҳамкорӣ ва бародаршаҳрӣ ба имзо расидааст. Дар заминаи ин санади муҳим тайи солҳои сипаришуда робитаҳои мутақобилан судманд ва дӯстонаи ду ноҳия пайваста таҳким ёфта истодаанд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо изҳор доштанд, ки муносибатҳои дӯстонаи байни ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Узда ҳамчун намунаи хуби ҳамкориҳои минтақавӣ дар таҳкими дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва ба роҳ мондани робитаҳои судманд нақши муҳим доранд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи робитаҳои созанда, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ ва татбиқи иқдомҳои муштарак иброз намуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.