Бо мақсади арҷгузорӣ ба дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи гарму самимии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси навбатии байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ — ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорон, омӯзгорону донишҷӯён, ҷавонон, варзишгарон ва садҳо нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳои тараннумгари сулҳ, дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ аз кӯчаҳои марказии ноҳия гузашта, ҳамраъйӣ ва ифтихори худро аз ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ иброз доштанд.

Дар ҳамоиши идона таъкид гардид, ки қабули якдилонаи Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бори дигар мақому манзалати баланди кишвари моро ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва масъулиятшинос дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ собит намуд.

Иброз гардид, ки ин ташаббуси таърихӣ идомаи мантиқии сиёсати башардӯстона ва сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагии наслҳо ва таъмини ояндаи осоиштаи инсоният равона гардидааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, тарбияи насли худшиносу ватандӯст ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам густариш хоҳанд дод. Роҳпаймоӣ — ҳамоиши идона дар фазои тантанавӣ, эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва ҳамраъйии сокинони ноҳия баргузор гардида, бозгӯи пуштибонии комили мардуми Тоҷикистон аз сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии кишвар гардид

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.