ДАР НОҲИЯИ ЁВОН КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ТОҶИКИСТОН — ПЕШОҲАНГИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ СУЛҲ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Ёвон Конференсияи илмӣ-назариявии ноҳиявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — пешоҳанги ташаббусҳои ҷаҳонии сулҳ», бахшида ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 — 2036» баргузор гардид.

Дар кори конференсия раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин ноҳияи Ёвон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ- Шарифзода Шарифбек, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони сохторҳои тандурустӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид гардид, ки қабули қатъномаи мазкур боз як дастоварди бузурги дипломатияи муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва ташаббускори сулҳу ҳамзистии осоишта боз ҳам бештар муаррифӣ менамояд.

Дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои илмӣ-назариявӣ оид ба саҳми Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ, аҳамияти таърихиву сиёсии Даҳсолаи байналмилалӣ, нақши ҷавонон дар таҳкими фарҳанги сулҳ, волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ироа гардида, иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор намуданд.

Иштирокчиён зимни баромадҳои худ таъкид карданд, ки татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ барои таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулгароӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аҳамияти муҳими сиёсиву иҷтимоӣ дорад.

Дар анҷоми конференсия иштирокчиён аз сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ дар доираи фаъолияти касбии худ саҳми арзанда мегузоранд. Конференсия дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҷамъбаст гардид.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.