ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ЁВОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Дар доираи татбиқи принсипҳои давлатдории ҳуқуқбунёд ва таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, дар ноҳияи Ёвон иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум бо иштироки вакилони мардумӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони сохторҳои дахлдор ва фаъолони ҷомеа баргузор гардид.
Иҷлосия бо риояи талаботи қонунгузории амалкунанда ва дар фазои масъулиятшиносӣ оғоз гардида, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия- рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 15 июни соли 2022, № 996 “Оид ба татбиқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 феврали соли 2022, №73 «Дар бораи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» масъулини соҳа ҳисобот пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки дар доираи барномаи мазкур дар ноҳия як қатор тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардида, инфрасохтори варзишӣ тадриҷан беҳтар карда шуда, иштироки ҷавонон дар машғулиятҳои варзишӣ афзоиш ёфтааст. Гуфта шуд, ки варзишгарони ноҳия дар давлаи амали Барнома, аз ҷумла:
— дар соли 2022 дар мусобиқаҳои вилояти ҷумҳурияви ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 175 медал, аз ҷумла 54 медали тилло, 48 медали нуқра ва 73 медали биринҷӣ гардиданд, ки аз онҳо 129 медали сатҳи ҷумҳуриявӣ, 32 медали тилло, 34 медали нуқра, 63 медали биринҷӣ ва 6 медали сатҳи байналмилалӣ;
— дар соли 2023 сазовори 223 медал, аз ҷумла 54 медали тилло, 69 медали нуқра ва 100 медали биринҷӣ гардиданд, ки аз инҳо 185 медали сатҳи ҷумҳуриявӣ (40 тои он тилло), 56 медали нуқра, 88 медали биринҷӣ аз ҷумлаи 18 медали сатҳи байналмилалӣ;
— дар соли 2024 сазовори 198 медал, аз ҷумла 46 медали тилло, 63 медали нуқра ва 89 медали биринҷӣ гардиданд, ки аз инҳо 90 медали сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла 13 медали тилло, 31 медали нуқра, 46 медали биринҷӣ ва 18 медали сатҳи байналмилалӣ гардиданд, ки аз медали тилло, 6 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ;
— дар соли 2025 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилояти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, фаъолона иштирок намуда, сазовори 196 медал, 62 медали тилло, 49 медали нуқра ва 85 медали биринҷӣ, ки аз он 113 медали сатҳи ҷумҳуривӣ 35 медали тилло, 26 медали нуқра ва 52 медали биринҷӣ мебошад.
Ҷамъи медалҳои ба хазинаи варзишии ноҳия аз аввали амалисозии Барномаи мазкур дар давраҳои солҳои соли 2022 -2025-ум 792 ададро дар бар мегирад, ки аз инҳо 216 адад медали тилло, 229 адад медали биринҷӣ, 304 адад медали биринҷӣ ва 42 медали сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Вобаста ба масъалаи дуюм- ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ фаъолияти комиссия дар самти назорати иҷрои қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ мусбат арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки комиссия дар доираи ваколатҳои худ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ намудааст.
Дар идомаи кори иҷлосия масъалаҳои вобаста ба номгузории муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, қарори Маҷлиси Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова аз 18 марти соли 2025, №12 «Дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62 ба номи Раҷабзода Раҷабалӣ Шариф» ва қарори Маҷлиси Ҷамоати деҳоти Обшорон аз 12 феврали соли 2026, № 8 «Дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69 ба номи Асадулло Ғулом» мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо ҷонибдории вакилон тасдиқ гардиданд. Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо дар самти гиромидошти шахсиятҳои арзанда ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар миёни насли наврас аҳамияти муҳим доранд.
Ҳамзамон, дар иҷлосия масъалаи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия низ баррасӣ гардида, онҳо тибқи тартиби муқарраргардида мавриди тасдиқи вакилон қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми иҷлосия ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои босифати қарорҳои қабулгардида, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳо ва тақвияти ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

