ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
Дар доираи сиёсати давлатӣ ҷиҳати таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, имрӯз дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукӯҳу тантанавӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеа, падару модарон ва теъдоди зиёди ҷавонону даъватшавандагон иштирок намуданд. Чорабинӣ дар фазои баланди худшиносии миллӣ, эҳсоси ифтихор аз давлатдории миллӣ ва садоқат ба Ватан ҷараён гирифта, бо танинандоз гардидани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои он нишонаи олии эҳтиром ба давлат ва садоқат ба халқу Ватан мебошад. Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хизмат, таъминоти моддию техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ сол аз сол беҳтар гардида, барои адои хизмат фазои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ низ зимни баромади худ иброз дошт, ки ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, ҷавононро мебояд бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ба иҷрои ин рисолати пуршараф камари ҳиммат банданд. Ҳамчунин, нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи насли ҷавони худогоҳу ватандӯст муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи маҳаллӣ пешкаш гардида, сурудҳои ватандӯстона ва барномаҳои консертӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ даъватшавандагон дар фазои тантанавӣ, бо орзуҳои нек, дуои хайр ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд, ки ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи хоси давлат ва ҷомеа нисбат ба ҷавонон ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ҳифзи Ватан мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сиёсӣ-маърифатӣ дар самти таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муассир дошта, аз сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

