ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН ВАЛИЗОДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Муҳтарам кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура!

Бо арзи шодбошӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати Иди касбиатон, ки ҳамасола 14 март дар кишвар таҷлил мегардад, самимона табрику шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, зиндагии босаодат, рӯзгори ободу осуда, пешравиҳои кор, иқболи нек ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулиятатон, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузорӣ дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бахшида шудааст, муваффақияту комёбиҳо орзумандам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «мақомоти прокуратура дорои нерӯи бузурги кадрӣ ва сифатҳои баланди ахлоқиву касбӣ буда, қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд.»

Воқеан, мақомоти прокуратура яке аз рукнҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқ ва адолати судӣ мебошад. Кӯшишу заҳматҳои кормандони ин ниҳоди давлатӣ дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини адолатӣ иҷтимоӣ арзандаи таҳсину қадрдонӣ мебошад.

Имрӯз дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои гуногуни муосир, масъулияти мақомоти прокуратура дар ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, таъмини иҷрои дақиқу якхелаи қонунҳо ва таҳкими эҳсоси эҳтиром ба қонун боз ҳам бештар мегардад. Маҳз садоқат ба савганди касбӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва фаъолияти софдилонаи кормандони прокуратура имкон медиҳад, ки фазои адолат, қонуният ва тартибот дар ҷомеа устувор нигоҳ дошта шавад.

Шоистаи зикр аст, ки давлат ва аҳли ҷомеа бо боварии комил дар назди мақомоти прокуратура вазифа гузоштааст ва Шумо кормандони ин ниҳоди назоратӣ дар самти таъмини волоияти қонун, назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлатро сарбаландона иҷро намуда, ҳамчун ҳомиёни қонуният ва адолат бо масъулияти баланд иҷрои вазифаҳои худро анҷом дода, дар таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демократӣ саҳми арзанда мегузоред. Кӯшишҳои пайгиронаи Шумо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон намунаи садоқат ба Ватан ва қонун мебошад.

Бояд таъкид созам, ки мақомоти прокуратура дар танзими муносибатҳои байни давлат ва ҷомеа нақши калидӣ дошта, ҳамчун кафили риояи қонун ва адолат баромад менамоянд. Тавассути назорати иҷрои дақиқи қонунҳо, ин ниҳод ба таҳкими эътимоди шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад. Фаъолияти пайгирона ва принсипноки мақомоти прокуратура барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва пойдории суботи ҷомеа аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Маҳз бо чунин масъулияти баланд мақомоти прокуратура дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар саҳми арзанда мегузоранд.

Боварии комил дорем, ки кормандони мақомоти прокуратура минбаъд ҳам бо фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу ватан, ба наслҳои ҷавон сабақи меҳанпарастию инсонпарварӣ медиҳанд ва баҳри ҳифз ва пойдории давлати соҳибихтиёрамон саҳми арзанда мегузоранд.

Бо таманиёти орзуҳои нек бори дигар ҳамаи шумо собиқадорон ва кормандони мақомоти Прокуратураро бо Иди касбиатон самиона табрику шодбош гуфта, ба шумо саломатии бардавом, иродаи қавӣ, неруи тоза ва дар фаъолияти пуршарафи хизматӣ барору комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.

Бигузор, фаъолияти пурмасъулияти шумо ҳамеша ба манфиати давлат, ҷомеа ва таҳкими волоияти қонун равона гардида, дар роҳи ҳифзи адолат ва суботи кишвар натиҷаҳои шоиста ба бор оварад.

Иди касбӣ муборак, ҳомиёни қонун!

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.