ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, илҳоми эҷодӣ, бурдбориҳои касбӣ ва комёбиҳои нав ба нав таманно менамоям.

Матбуот яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, дар ташаккули афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву иҷтимоии мардум, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарғиби сиёсати созандаи давлату Ҳукумат нақши бисёр муҳим дорад. Кормандони соҳаи матбуот бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва қалами бурро воқеаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро инъикос намуда, дар таҳкими фазои иттилоотии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Боиси таъкид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи матбуоту иттилоот рушду такомул ёфта, барои фаъолияти озоду созандаи рӯзноманигорон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз аҳли матбуот дар баробари дигар қишрҳои фаъоли ҷомеа дар тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва инъикоси заҳмати созандаи мардуми кишвар саҳми босазо мегузоранд.

Дар замони имрӯз, ки иттилоот бо суръати бесобиқа паҳн мегардад, нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини амнияту субот мақоми хоса касб менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд”.

Боиси таъкид аст, ки матбуот ҳамчун оинаи ҳаёт равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бо воқеъбинӣ ва масъулият инъикос менамояд. Маҳз тавассути фаъолияти касбӣ ва таҳлилгаронаи журналистон аҳли ҷомеа аз моҳияти ислоҳот, ҳадафҳои стратегии давлат ва самтҳои асосии рушди кишвар бохабар мегардад. Аз ин лиҳоз, матбуот на танҳо воситаи иттилоърасонӣ, балки василаи муҳими ташаккули шуури сиёсӣ ва маърифати шаҳрвандӣ мебошад.

Нақши матбуот дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва инъикоси дастовардҳои миллӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба таври назаррас афзудааст. Инъикоси воқеъбинонаи корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузург ва ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар таҳкими эҳсоси ифтихор аз Ватан ва эътимод ба фардои кишвар нақши муассир дорад. Раванди бунёди давлатдории навин, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисод ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ тавассути матбуот ба таври густурда ба ҷомеа муаррифӣ гардида, ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мусоидат намудааст.

Дар шароити рақобати иттилоотӣ ва паҳншавии иттилооти носаҳеҳ, масъулияти журналистон барои ҳифзи фазои солими иттилоотӣ дучанд мегардад. Танҳо бо такя ба таҳлили амиқ, санҷиши дақиқи манбаъҳо ва мавқеи мустақили касбӣ матбуот метавонад эътимоди ҷомеаро ҳифз намояд.

Бо истифода аз ин фурсат, бори дигар ба ҳамаи рӯзноманигорон, кормандони нашрияҳо, радио ва телевизион, инчунин дигар воситаҳои ахбори омма барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои арзандаашон изҳори сипос намуда, ба ҳамаи Шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод, қалами бурро ва муваффақиятҳои тоза дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан орзу менамоям.

Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бошад!

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.