ЁВОН: РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР ШОХОБИ МАГИСТРАЛӢ

Бо мақсади пешгирии хавфи фарсоиши соҳил, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти сокинон дар шохоби магистралии тарафи рости Пикети 276+66-и деҳаи Эшмаи деҳоти Норин ва як қисми шаҳраки Ҳаёти Нав корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд.

Айни замон дар доираи ин тадбирҳо аз ҷониби мутахассисон ва кормандони соҳа корҳои васлу насби иншооти муҳофизатӣ, мустаҳкам намудани соҳил ва танзими маҷрои об бо истифода аз техникаву таҷҳизоти зарурӣ идома дошта, барои иҷрои босифату саривақтии корҳои сохтмонӣ тамоми шароити лозим фароҳам оварда шудааст.

Татбиқи чунин чорабиниҳо ба пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ, ҳифзи инфрасохтори муҳандисӣ ва заминҳои назди соҳил мусоидат намуда, инчунин барои таъмини истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва беҳтар гардидани вазъи мелиоративии минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Масъулини соҳа таъкид менамоянд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тибқи нақша идома дошта, бо анҷоми пурраи онҳо хатари фарсоиши соҳил коҳиш ёфта, амнияти сокинони деҳаи Эшма ва як қисми шаҳраки Ҳаёти Нав таъмин мегардад.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.