ЁВОН: ИҚДОМИ ШОИСТАИ ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ХИЗМАТ БА МОДАР — ВАТАН
Имрӯз, 10 март, қабули ду нафар ҷавони боору номуси деҳаи Пахтакори деҳоти Ситораи Сурх дар утоқи кории раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин баргузор гардид, ки онҳо бо ҳисси баланди ифтихор, масъулиятшиносӣ ва ғурури ватандӯстӣ изҳори омодагӣ намуданд, то ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд.
Зимни ин мулоқот раиси ноҳияи Ёвон ҷавонони ватандӯст ва волидайни онҳоро самимона пазируфта намуда, чунин иқдоми шоистаро намунаи ибрат барои дигар ҷавонони меҳан арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки ҳимояи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, хизмати ҳарбӣ мактаби шуҷоат, мардонагӣ, садоқат ва тарбияи ватандӯстист.
Раиси ноҳия ҳамчунин изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар давлату Ҳукумат барои беҳтар намудани шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ҷавонон имрӯз метавонанд бо рӯҳияи баланд ва ифтихор аз Ватани худ дар ҳифзи амнияти кишвар саҳмгузор бошанд.
Дар ҷараёни суҳбат модари ҷавонон низ аз чунин қарори фарзандони худ изҳори ифтихор намуда, таъкид кард, ки тарбияи фарзандон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот раиси ноҳия ба ҷавонони ватандӯст барору комёбӣ таманно намуда, изҳори боварӣ кард, ки онҳо бо садоқату мардонагӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, номи неки зодгоҳу ноҳияи худро боз ҳам баланд хоҳанд бардошт.

