ТАБРИКОТИ
РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН ВАЛИЗОДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Модарони мушфиқу меҳрубон, бонувону хоҳарони азиз ва ҳозирини гиромӣ!
Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидааст.
Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.
Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем. Ба ин муносибат ҳамаи модарону бонувон ва хоҳарони арҷмандро ба муносибати фаро расидани Рӯзи Модар самимона муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ ва тамоми хушиҳои умрро таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба масъалаи эҳтироми Зан — Модар таваҷҷуҳ намуда, қайд намуданд, ки “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нeш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра — қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Воқеан, Зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз бо ҳам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад.
Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ медиҳад.
Меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад. Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст.
Бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ки “нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.”
Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.
Ҳозирини иззатманд!
Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
Дар андешаи динӣ ва махсусан дар тафаккури исломӣ, зан ба ҳайси амонати Худованд ва ба унвони амини ҳаққуллоҳ матраҳ аст. Ин мақом, ин ҳурмату ҳайсият ва ҷойгоҳи баланду рафеъро Худованди Мутаол ба зан ҳадя карда аст.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии њар як оила вобаста бошад, пас, ободии њар як хонадон аз рўњияи солиму созандаи зан-модар вобаста аст.
Маҳз ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.
Ҷашни фархундаи модарону бонувон ҳамасола аз омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи Аҷам мужда мерасонад.
Дар ин айём табиат аз нав эҳё шуда, хурраму дилкаш мегардад. Ин рангорангии табиат ба ҳусни модарону бонувони мо зебоиву назокати бештар зам мекунад. Яъне фасли баҳор, ки ба табиати модарону хоҳарони мо созгор мебошад, сиришти зебоипарастии онҳоро таровати баҳорона мебахшад.
Рӯзи Модар танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин ҷашни бузурги инсонпарварӣ, эҳтиром ба асли зиндагӣ ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси зан — офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо ва нигоҳдорандаи чароғи хонадон мебошад. Модар рамзи муҳаббат, сабру таҳаммул, покизагӣ ва вафодорист.
Дар фарҳангу тамаддуни кӯҳанбунёди тоҷикон мақому манзалати зан ҳамеша баланд буд. Занони мо дар баробари мардон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва суннатҳои давлатдорӣ саҳми босазо гузоштаанд. Аз саҳифаҳои таърих мо симоҳои барҷастае чун Томирис, ки рамзи шуҷоату далерист, Зебуниссо ва дигар бонувони маърифатпарварро мешиносем, ки бо илму хирад ва матонати худ номи миллатро баланд бардоштаанд.
Дар даврони навини давлатдорӣ низ занону бонувони тоҷик дар канори мардон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Бахусус дар марҳалаи эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, занон бо сабру таҳаммул, иродаи қавӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар пойдории сулҳу ваҳдат нақши калидӣ бозиданд.
Бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Қабули стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсиси квотаҳои президентӣ барои духтарон, ҷалби бештари занон ба идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба неруи созандаи занон мебошад.
Имрӯз занону бонувони ноҳияи Ёвон дар тамоми соҳаҳо — илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, соҳибкорӣ, хизмати давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ фаъолона меҳнат намуда, дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия саҳми назаррас мегузоранд. Ҳар як муваффақияти ноҳия пеш аз ҳама бо заҳмату талоши модарону бонувони заҳматкашу бонангу номуси он пайванд дорад.
Модар аст, ки фарзандро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия мекунад. Агар имрӯз мо аз ҷавонони соҳибмаърифат, ҳушманд ва содиқ ба давлату миллат ифтихор дорем, ин пеш аз ҳама самари тарбияи дурусти модарон мебошад.
Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
Зан — пояи устувори оила, оила асоси ҷомеа ва ҷомеаи солим заминаи пойдории давлат аст. Аз ҳамин ҷост, ки эҳтироми зан ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, дар асл, ҳифзи ояндаи миллат мебошад.
Ҳамчунин, мехоҳам таваҷҷуҳи модарону бонувони муҳтарамро ба масъалаи риояи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшӣ, хусусан, дар ноҳия ҷалб намоям. Тақлид ба либоспӯшии бегона, яъне бегонапарастӣ нишонаи возеҳи бефарҳангиву бемаърифатӣ ва гузашта аз ин, ҷаҳолат аст ва оқибати хуб надорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак” масъалаҳои дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ тарбия кардани фарзандон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро танзим менамояд. Дар баробари ин, ки падару модар дар масъалаи таълиму тарбияи фарзанд масъулият доранд, фарзандон низ масъуланд, ки иззату эҳтироми падару модарро ба ҷо оранд ва онҳоро ҳангоми калонсоливу пирӣ нигоҳубин кунанд.
Модарону хоҳарон ва бонувони азиз!
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳдиду чолишҳои гуногун ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги оиладорӣ таъсир мерасонанд, рисолати занон боз ҳам масъулиятноктар мегардад. Занони тоҷик бо хираду заковат ва эҳсоси баланди масъулият бояд дар тарбияи насли наврас, пешгирии падидаҳои номатлуб ва таҳкими худшиносии миллӣ пешсаф бошанд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз садҳо духтарони боистеъдоди ноҳияи Ёвон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони ояндасози миллат омода мегарданд. Ин ҳама самари сиёсати маорифпарваронаи давлат ва дастгирии доимии занону духтарон мебошад.
Модарону бонувони гиромӣ!
Шумо сутуни муҳаббат, чароғи маънавиёту маърифат ва такягоҳи устувори ҷомеа ҳастед. Ҳар як дастоварди давлат, ҳар як пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ бе саҳми Шумо тасаввурнопазир аст.
Бигузор, дар ҳар хонадон фазои сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва баракат ҳукмфармо бошад. Бигузор, чеҳраи ҳар модар ҳамеша хандон ва қалбаш саршор аз ифтихор аз фарзандони солеҳ бошад.
Бори дигар, тамоми занону модарони азиз ва бонувону хоҳарони арҷманди ноҳияро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустиву хушбахтӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ ва хоҳарони арҷманд!

