БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ
Имрӯз, 10 март, раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва таъмини иҷрои босифати корҳои бунёдкорӣ аз рафти сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 3, 26 ва 69 боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси ноҳия аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сатҳу сифати корҳои анҷомёфта, таъмини иншоот бо масолеҳи сохтмонӣ ва риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ шинос шуда, бо масъулин ва сохтмончиён суҳбат орост.
Бояд ёдовар шуд, ки иншооти мазкур дар заминаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони олиҳимат ва ватндӯсти маҳаллӣ бунёд гардида, ин тадбир ҷиҳати беҳтар намудани шароити таҳсил, бартараф сохтани мушкилоти норасоии ҷойҳои нишаст барои муҳассилин ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия аҳамияти муҳим дорад.
Раиси ноҳия ба масъулини соҳа ва роҳбарони ташкилотҳои сохтмонӣ дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд, дар муҳлатҳои муайянгардида ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шаванд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо биноҳои замонавӣ яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми боздид раиси ноҳия масъулинро вазифадор намуд, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, барои саривақт ба истифода додани иншоот тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

