ТАБРИКОТИ
РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН ВАЛИЗОДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН, БАХШИДА БА 33 — СОЛАГИИ ТАЪСИСИЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Муҳтарам афсарону сарбозон, собиқадорони Артиш, ҳамдиёрони гиромӣ!
Имрӯз дар кишвари азизамон 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо, алалхусус, сарбозон ва афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимомона табрик ва таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаи пуршарафу муқаддас- ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа ба ҳар яки онҳо комёбиву барори кор орзу менамоям.
Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон ба шумор рафта, ҳамқадам ва ҳамнафаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали бунёди пойдевори истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомӣ аз нав барқарор карда шаванд. Таҳкурсии Артиши миллӣ бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, яъне дар шароити набудани пойгоҳи моддиву тахникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои ҳарбӣ, бахусус кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд.
Таъсиси Артиши миллӣ дар шароити бисёр мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ сурат гирифта, ба яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ табдил ёфт. Бо ташаббус ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқиву моддӣ ва ташкилии Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, имрӯз Артиши миллӣ ба сипари боэътимоди давлат ва кафили суботу оромии ҷомеа мубаддал гардидааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 33 сол роҳи пурифтихореро тай намуда, дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амният ва оромии ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.
Бо таваҷҷӯҳ ва талошҳои пайгиронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мо ҳамаи давраҳои мушкилии сохториро давра ба давра паси сар карда, имрӯз натанҳо қудрату тавонии худро дар қаламрави кишвар, балки дар таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ пайдо намудааст.
Натиҷаи ҳамин тадбирҳост, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ- техникӣ дорад.
Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳ такягоҳи давлат ва сипари миллат, кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар, ҳифзи истиқлолият ва марзу буми Тоҷикистони азиз мебошад. Сокинони мамлакат дар симои сарбозону афсарони Артиши миллӣ муҳофизони содиқу ҷоннисори Ватан, ҷавонмардони худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарварро мебинанд.
Ҳамдиёрони иромӣ!
Ҷаҳони муосир аз насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстиро тақозо менамояд.
Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як соҳибватан, барои ҳар як ҷавони бонангу ор боиси ифтихор аст.
Ҷавонон дар ин мактаби мардонагӣ обу тоб ёфта, аз он дарси ватандӯстӣ меомӯзанд ва баҳри пойдории давлати миллӣ, халалнопазирии сарҳади давлатӣ ва дар арсаи ҷаҳон баланд гардидани нуфузу эътибори Ватани маҳбуби худ садоқатмандона саъю кӯшиш мекунанд.
Маҳз, чунин ҷавонони далеру ватандӯст кафолати устувории рукнҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва қудрату тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳ мегарданд.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз, ки таҳдиду хатарҳои гуногуни муосир — аз терроризму экстремизм то ҷинояткории фаромиллӣ — ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохтаанд, масъулияти ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯст дучанд мегардад. Мо бояд дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, ҳифзи суботу амният ва ваҳдати миллиро вазифаи муқаддаси худ донем.
Бо ибрози хушнудӣ ва хотири осудаю ободии кишвар ва бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар 33 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳои кишварро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, ба афсарону сарбозон, кормандони мақомоти низомӣ ва собиқадорони соҳа сиҳатмандӣ, иродаи қавӣ, руҳияи шикастнопазир ва муваффақиятҳои нав ба нав дар иҷрои вазифаи муқаддаси хизмат ба Ватан орзу менамоям.
Бигузор, парчами муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад ва осмони кишвари азизамон орому соф боқӣ монад!
ТО БИХОБАД МИЛЛАТЕ ОСУДА АНДАР ХОБИ НОЗ,
АСКАРЕ БОЯД, КИ САНГИ ХОРАРО БИСТАР КУНАД.
Иди Қувваҳои Мусаллаҳ муборак бошад!

