ТАҶЛИЛИ 33 — СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИТОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизмати содиқона ва ҷонфидоии ҳомиёни Ватан, дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба 33 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси ноҳия Икромиддин Вализода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҳайати афсарону сарбозони қисми низомӣ, ҷавонон ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас раиси ноҳия зимни суханронии табрикотии худ таъкид дошт, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар замони бисёр ҳассоси таърихи давлатдорӣ сурат гирифта, маҳз бо иродаи сиёсӣ ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ба сипари боэътимоди давлат ва кафили сулҳу субот табдил ёфт.

Қайд гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими таъминкунандаи амнияти миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа нақши калидӣ мебозанд. Ҷасорату матонат, садоқат ба Савганди ҳарбӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Ҳамзамон, намояндагони сохторҳои қудратӣ баромад намуда, аз дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи мудофиа ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки шароити хизмат, таъминоти моддиву техникии қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ сол то сол беҳтар гардида, сатҳи касбияти афсарону сарбозон боло рафта истодааст.

Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ноҳия барои саҳми арзанда дар таҳкими қонуният, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҳамкориҳои судманд бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаҳои саҳнавии ҷавонон ҳусни анҷом бахшида, фазои идонаро ранги тоза бахшид.

Баргузории чунин чорабиниҳо бозгӯи эҳтироми ҷомеа ба хизматчиёни ҳарбӣ буда, дар замири насли ҷавон ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату миллат ва масъулиятшиносиро тақвият мебахшад.

Ҷашни 33 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ҳамдилию ваҳдат, эҳсоси ифтихор ва садоқат ба Ватан таҷлил гардида, бори дигар собит сохт, ки Артиши миллӣ такягоҳи устувори давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.