ЁВОН: ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮИ САБЗУ ОБОДОНӢ
Субҳи имрӯз дар ноҳияи Ёвон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарияти ноҳия дар шоҳроҳи Ёвон- Душанбе ҳудуди деҳоти Даҳана маъракаи ниҳолшинонӣ, оғоз ёфт.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Икромиддин Вализода, роҳбарону масъулони сохторҳои дахлдор, фаъолон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Мақсад аз ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ- зиёд намудани майдони сабзкорӣ, беҳтар гардондани муҳити зист, зебосозии кӯчаву маҳаллаҳо ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани сиёсати экологии давлат мебошад.
Раиси ноҳия зимни оғози корҳои ниҳолшинонӣ таъкид намуд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат бояд ҳар як сокини ноҳия дар ободониву сабзкорӣ саҳми намоён гузорад. Мавсуф изҳор доштанд, ки барои беҳтар гардондани вазъи экологӣ, пешгирии эрозияи замин ва баланд бардоштани ҳусни зебоии ноҳия ниҳолшинонӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Дар ин рӯз беш аз 1500 навъҳои гуногуни дарахтони сояафкану ороишӣ, шинонида шуданд. Раиси ноҳия барои дуруст нигоҳубин ва таъмин намудани дараҷаи баланди сабзиши онҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар анҷом раиси ноҳия аз ҳамаи иштирокчиён даъват ба амал овард, ки барои ҳифзу нигоҳубини ниҳолҳои шинондашуда масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати рушду ободии ноҳия талошро идома диҳанд.

