10 декабр раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин, бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз майдони варзишии дорои чамани сунъӣ, ки дар деҳаи Калфи Сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бунёд мегардад, боздид ба амал баровард. Лоиҳаи мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ва сокинони маҳаллӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар ҷараёни боздид гуфта шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, ҳамворкунии чамани сунъӣ, панҷарабандӣ, симтурҳои муҳофизатӣ, насби рӯйпӯши ҳимоявӣ ба анҷом расида, корҳои бунёди ҷойи нишасти тамошобинон, минбар ва утоқҳои либосивазкунии варзишгарон ҷараён дорад. Иншооти мазкур мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ буда, паҳонӣ 60 ва дарозии он 90 метрро дар бар мегирад ва дар миқёси вилояти Хатлон аз лиҳози тарзу усул ва муосир ягона арзёбӣ мегардад. Бо ба истифода додани майдони варзишӣ имкони баргузории мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи минӣтақавӣ ва вилоятӣ фароҳам мегардад.

Раиси ноҳия аз сифати корҳо ва масъулияти баланди соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд, ки бунёди чунин инфрасохтор барои рушди тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти фаҳангӣ аҳамияти хоса дорад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки тамоми корҳо бояд бо риояи меъёрҳои техникию сохтмонӣ, дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд, то ин иншооти варзишӣ ҳамчун туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.

Сокинон ва соҳибкорони деҳа изҳор доштанд, ки барои иҷрои пурраи корҳо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд кард ва ин иқдомро ҳамчун нишонаи ватандӯстӣ ва садоқат ба сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳисобанд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.